Ҷавонон давомдиҳандагони мактаби шуҷоати Пешвои миллатанд

Ноябрь 16, 2018 08:45

ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба Рӯзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» басо рамзист. Зеро сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид.  

Бакорандозии неругоҳи «Роғун» рӯйдодест, ки миллати тоҷик солҳо интизораш буд.

НБО «Роғун» на танҳо манбаи равшанӣ ва такомули иқтисодиёт аст, балки нишондиҳандаи сиёсати устувори давлат– далерию шуҷоатмандӣ ва тамаддунофарии миллат, замина барои рушди иҷтимоӣ, беҳгардии сатҳи зиндагӣ ва таҳкимбахши фарҳангу маънавиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Рӯзи Президент ва ифтитоҳи дастоварди аср ду падидаи  тавъами якдигар буда, кӯшишу талошҳо ва заҳматҳоро дар роҳи расидан ба онҳо дар маҷмӯъ мактаби шуҷоати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номидан мумкин аст.

Ин мактаби шуҷоат барои мо, ҷавонон бояд намунаи ибрат бошад, зеро асосгузори ин мактаб- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарварии хеш пайваста бо ҷавононанд ва ҳар лаҳза ба тарбия, камолоти муносиби ҷавонон ва омодасозии онҳо барои ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидан  талош  доранд.

Имрӯз нуктаи муҳим барои ҷавонон – ояндасозони ҷомеа дар баробари ифтихор аз Ватану давлатдорӣ дар амал татбиқ намудани ташаббусҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яъне  ҳар яки моро мебояд пайравӣ ва ифтихормандии хешро ба Пешвои миллат бо қалби соф, рафтору амали худ, дастовардҳои созгор ва шуҷоатмандии хеш изҳор намоем!

Пайравӣ ба Пешвои миллат барои ҳар яки мо мояи ифтихор аст, изҳори ин пайравӣ- рафтору амал ва саҳму иштироки бевоситаи мо дар татбиқи ташаббусҳои пешгирифта мебошад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи ифтитоҳи иншооти бузурги аср-саҳифаи нави дурахшони Ватан барои миллати тоҷик муборак бод!

Қиёмиддин МИРАЛИЁН,
сиёсатшинос

 

Ноябрь 16, 2018 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад