Ба Душанбе 30 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» ворид карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар то нимаи аввали моҳи декабри соли равон боз 30 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» аз Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чанд нафар ронандаҳо бо мақсади таҳвили автобусҳои мазкур ба Ҷумҳурии Туркия сафар карданд.
Ёдовар мешавем, ки байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркӣ, ки таҳти бренди «AKIA» фаъолият дорад, барои харидории автобусҳои тамғаи «AKIA» бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ба имзо расида буд. Дар асоси ин шартнома марҳила ба марҳила ба пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе 170 адад автобусҳои ширкати мазкур ворид гардиданд, ки алҳол онҳо дар хизмати сокинону меҳмонони шаҳр қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки ибтидои соли 2017 дар пойтахт корҳои сохтмонии заводи истеҳсоли автобусҳо «AKIA AVESTO» оғоз гардид. Дар оянда масъулони Корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд.
Бояд зикр кард, ки баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар муҳлати 1 сол сохта мешавад.
Алҳол шумораи коргарони корхонаи бандубаст 40 нафарро ташкил менамояд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Ширкати туркӣ барои омӯзиш, сайқал додани савияи дониш ва малака дар бандубасти қисмҳои алоҳидаи автобусҳо барои мутахассисони маҳаллӣ курсҳои омӯзишӣ роҳандозӣ намуд.
Тавре мутахассисон иброз доштанд, қисмҳои асосии автобусҳои бандубаст ва истеҳсолшаванда тавлиди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, муҳаррики он истеҳсоли ширкати «Мерседес Бенс» мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.
Тавре директори корхонаи муштараки «AKIA-AVESTO» Асрор Мирзоев зикр кард, автобусҳои «AKIA» дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд.
Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.








«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад






