Ба хотири дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 21.11.2018. /АМИТ/ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» эълон мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ бошанд. Инчунин ба мавзӯи ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин восита, арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ бахшида шуда бошанд.
Озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки эҷодиёташон тайи соли 2018 дар муассисаҳои чопии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд, метавонанд иштирок кунанд.
Шартҳои асосии озмун маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир мебошанд.
Ба ғолибони китобҳои назм, наср, публисистӣ ва назму насри бачагона диплому мукофотҳои соҳавӣ ва моддии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
Маълумоти бештарро аз сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- http://vfarhang.tj/index.php/tj метавонед дастрас намоед.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






