Байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 12.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Вазири тандурустӣ ва некӯаҳволии Ҷумҳурии Корея Парк Неунгху баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот тарафҳо самтҳои ҳамкории дуҷониба, ба монанди коркарди гиёҳҳои шифобахш, тибби халқӣ, сохтмони корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли маводи доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷарроҳиҳои чашм, асаб, дилу рагҳо, косметология, мубодилаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва гузаронидани давраҳои омўзишӣ аз ҷониби олимони кореягӣ дар Тоҷикистон ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб» ба имзо расид.
Ба иттилои манбаъ, санади мазкур қаблан аз ҷониби Корея дар асоси мувофиқаҳои бадастомада дар доираи «Форуми нуҳуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» (моҳи ноябри соли 2015, ш. Сеул) таҳия шуда, зимни вохӯриҳои дуҷониба дар Форуми мазкур масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиб ва дар ин раванд баимзорасии «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некўаҳволии Ҷумҳурии Корея» мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
«Мақсад ва ҳадафи ба имзо расидани Ёддошти тафоҳуми мазкур- ин эътирофи муносибатҳои дўстонаи байни тарафҳо ва манфиатҳои умумӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб, ҷонибдорӣ барои ба роҳ мондани робитаҳо байни ҷамъиятҳои илмӣ ва тандурустии ҷамъиятии ду кишвар, бозомўзии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, ҷорӣ намудан ва мубодилаи малака ҷиҳати дастовардҳои беҳтарини таҷрибаи тибби Корея ҷиҳати созмон додани марказҳои солимгардонӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони беморхонаҳо, гузаронидани тадқиқоти илмии муштарак ва коркарди технологияҳои нав дар соҳаи тандурустӣ мебошад»,- зикр намуд манбаъ.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо Ҷумҳурии Корея самтҳои муштараки ҳамкорӣ зиёданд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар оянда ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба омода аст тамоми имкониятҳои мавҷударо барои рушди ҳамкорӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат истифода барад.








Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид






