«БАРҚИ ЧАРХАИ «РОҒУН» – НУРЕСТ АЗ РӮДҲОИ БИҲИШТӢ». Чунин изҳор дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода

Ноябрь 15, 2018 10:26

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷойгоҳи муҳими энергеткӣ будани сарзамини Тоҷикистон дар ҳадисҳои паёмбари Ислом Муҳаммад (с) таъкид шудааст», — иброз намуд дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА ва ин далелро  чунин шарҳу тавзеҳ дод:

 — Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари ташаббускори сиёсати ҷаҳонӣ дар масъалаи об, захираҳои обӣ ва энергетика табдил ёфтааст. Қабули Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии ин созмони бонуфуз дар роҳи расидан ба яке аз се ҳадафи асосии стратегияи рушд – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ оғози таҳаввулоти бузург маҳсуб мешавад. Воқеан ин гуна ташаббусҳо барои муаррифии кишвари мо ҳамчун нуқтаи муҳими обистони ҷаҳонӣ нақши калидӣ доранд, ки татбиқи назариявӣ ва амалии онҳо маҳз ба шарофат ва файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардидааст.

Истиқлолияти энергетикӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурии мо ормони сарнавиштсоз аст ва ба таъбири Пешвои муаззами миллат, «масъалаи ҳаёту мамот» ба шумор меравад. Ин ҷо танҳо лоиҳаи муштараки CASA-1000-ро бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон барои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шудан басанда аст. Дар фарҳанги миллӣ ва динию эътиқодии мо низ мафҳуми об ҷойгоҳи арзишманд дорад. Мардуми тоҷиктабор бо об тарзи ҳаёти шаҳрнишинӣ ва мулку сарзамини ободонро ифода менамуданд. Истилоҳҳои обод, обу ободӣ ва ободонӣ дар зеҳну тафаккури миллати мо ҳамчун унсурҳои фарҳангсоз ва бунёди шаҳру шаҳристон нақш бастаанд. Агар дар забонҳои дигар вожабандҳои град, бург, полос ва ғайра истифода шаванд, дар номсозии шаҳрҳои мо вожаванди «обод» маъмул гардидааст, ки мазмуни рамзии бузург дорад.

Ҷойгоҳи муҳими энергетикӣ будани кишвари мо дар ҳадисҳои пайғамбар (с), аз ҷумла ҳадиси № 2839 Муслим таъкид шудааст: «Сайҳон ва Ҷайҳон ва Фурот ва Нил – ҳамагӣ аз рӯдҳои биҳишт мебошанд». Муҳаддисон чунин гуфтаанд: «Ин чаҳор рӯд бузургтарин рӯдҳои сарзамини Ислом аст – Нил дар кишвари Миср, Фурот дар Ироқ ва Сайҳон ва Ҷайҳон, ки онҳоро Сайҳун ва Ҷайҳун ҳам меноманд, дар иқлими Мовароуннаҳр ҷойгир шудаанд. Ва гӯянд гумони ғолиб он аст, ки мурод аз ёд шудани ин рӯдҳо ҳамоно густариши имон дар ин кишварҳо ва афзоиши баракат болои онҳост. Ба дурустӣ, ҷисмҳое, ки аз ин обҳо ғизо мегиранд, ба биҳишт мераванд. Ва гумони ғолиб он аст, ки ин (ҳадис) зоҳири лафз аст. Ва дар воқеъ, андаруни ин рӯдҳо моддае аз (турбати) биҳишт мавҷуд аст, дар ҳоле ки назди аҳли суннат биҳишт вуҷуд дораду офарида шудааст ва ҳамон ҷойест, ки Одамро аз он берун андохтаанд». Пас, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша ва ба такрор кишвари биҳиштӣ ном бурдани Пешвои миллат магар пайванди устуворе бо ҳамин ҳадиси малакутӣ надорад?!

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки татбиқи барномаи нави «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барои муаррифии шоистаи давлати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишвари бузурги рўдҳои кўҳӣ ва ба таъбири қуръонӣ, «ҷаннотин таҷрӣ мин таҳтиҳо-л-анҳор» (биҳиштҳое, ки аз зери онҳо рўдҳо равонанд) мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки ин чорабиниҳо дар доираи барномаи СММ зери унвони «Ҳадафҳои рушди устувор» сурат мегиранд ва дар он 17 ҳадаф барои навсозии ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Ҳадафи шашуми ҳамин барнома «Оби тоза ва беҳдошти он» мақсад дорад, ки таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва беҳдошти онро барои ҳамагон пайгирӣ намояд. Ин ҳадаф чунин талқин менамояд, ки оби тоза ва дастрас барои ҳама як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳонест, ки мо мехоҳем дар он кору зиндагӣ кунем. Захираҳои оби тозаи сайёра барои расидан ба ин орзу басанда аст. Аммо аз сабаби иқтисодиёти ноустувор ва зерсохтори номукаммал ҳар сол миллионҳо одамон, ки аксари онҳо кӯдакон мебошанд, аз бемориҳои вобаста ба об, беҳдошт ва гигиенаи нодурусти он фавт мекунанд.

Норасоии об, сифати бади он ва нокифоя будани шароити беҳдоштӣ ба амнияти озуқаворӣ, дарёфти воситаҳои маишату зиндагӣ ва имконият гирифтани таълиму тарбия барои оилаҳои камбизоат дар саросари ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар ин замина хушксолӣ ба баъзе аз кишварҳои фақиртарини ҷаҳон таъсиргузор шуда, вазъияти гуруснагӣ ва камғизоии мардумро бадтар мегардонад. То соли 2050 тақрибан ҳар чаҳорумин сокини сайёра эҳтимолан дар кишваре зиндагӣ хоҳад кард, ки мунтазам камбуди оби нўшокиро эҳсос мекунад. Тибқи хулосаҳои коршиносон, дастрасӣ ба оби бехатар, вазъи беҳдоштӣ ва истифодаи босамари муҳити солими зист барои саломатии инсон, устувории экологӣ ва шукуфоии иқтисодӣ аҳамияти калон дорад.

Сомонаи Маркази иттилоотии СММ хабар додааст, ки то соли 2030 700 миллион нафар аҳолии Замин ба мушкилоти норасоии оби тоза рў ба рў мешаванд, ки сабаби асосии он натиҷаи идоракунии нокифояи ин захираи табиӣ мебошад. Ин матлаб дар ҷамъбасти хулосаҳои ҳисоботи нави СММ омадааст, ки чунин муроҷиат мекунад: «Биёед ҳар як қатари обро эҳтиёт кунем: мавзўи рўз дар соҳаи захираҳои обӣ».

Аммо фазои фараҳбахши омодагӣ ҷиҳати ба кор андохтани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиди нотакрор ва бе мислу монанд аст, ки бегумон дар марҳилаи рушди устувори кишвари мо гардиши куллие ба вуҷуд меоварад. Зеро он «Роғун»-ро воқеан ба манбаи нуру рўшноӣ, ободонию созандагӣ, маншаи некўаҳволӣ ва дастовардҳои беназир табдил медиҳад. Илова бар ин, садди «Роғун» имкон медиҳад, ки оби пургили Вахши саркаш такшон шавад ва сипас дар шакли мусаффо, ба таъбири устод Турсунзода, «бар сари дашту деҳоти Тоҷикистон» ва кишварҳои дўсту бародари ҳамсояи он «рез-рез» шавад. Магар ин саҳми босазои кишвари азизу маҳбуби мо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои асосии барномаи «Оби тоза ва беҳдошти он» нест?! Ин вазъияти хотирмон моро рўҳбаланд месозад, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва қарзи шаҳрвандию фарзандӣ водор мекунад, ки мо ин ватанро беш аз ҳарвақта дўсттар дорем ва ҳар рўз бештар аз пештар фаъолият кунем, то пирўзӣ насиби орзуву ормонҳои миллати тоҷик ва кишвари маҳбубу азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Аммо дар бобати дурнамои рушди устувори ҷумҳурӣ бо итминон гуфта метавонем, ки баробари ба кор даромадани чархаи якуми НБО «Роғун» ҷомаи амал пўшидани мақсаду вазифаҳои дар платформаи се ҳадафи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пешбинишуда, бахусус истиқлолияти энергетикиро барои миллату давлати Тоҷикистон татбиқи амалӣ мебахшад.

Аз ин рў, месазад ҳаббазогўён ифтихор кунем, ки зиҳӣ давлати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишвари рўдҳои кўҳӣ ба ҳурмати ояти каломи раббонӣ «Ва ҷаъално мина-л-мои кулла шайъин ҳай» – «Ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем».

Ноябрь 15, 2018 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад