НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расидаанд
ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расидаанд. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 29 январ зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.
Вазир афзуд, ки сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1116 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 151 метр баробар гардид. Дар ин замина ду агрегати муваққатии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то 31 декабри соли 2025 9,9 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол кардаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2025 таъкид намуда буданд, ки моҳи сентябри соли 2027 бо ба кор даровардани агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» истиқлоли энергетикии мамлакат пурра таъмин мегардад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар рӯдхонаи Вахш сохта шуда, як қисми силсиланеругоҳҳои Вахш аст. Он бо иқтидори муқарраршудааш- 3600 МВт бузургтарин дарғот дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар бинои неругоҳи мазкур шаш агрегати гидроэлектрикӣ бо иқтидори 600 МВт бо турбинаҳои радиалӣ-меҳвар насб карда мешаванд. Истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт/соатро ташкил хоҳад дод.
Сарбанди неругоҳ бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди аз санг сохташуда дар ҷаҳон аст. Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун маҷмааи бузурги гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ, танзими об, коҳиш додани хатари обхезӣ ва коҳиш додани хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмуъ, Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз тарҳҳои нодири гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат имконияти мусоид пайдо мешавад. Он ба рушди иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли неруи «сабз», ҳифзи экология, инчунин дар доираи тарҳи «CASA–1000» ба афзоиши содироти неруи барқ ба бозорҳои энергетикии минтақа мусоидат менамояд. Ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он метавонад дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






