Дар Душанбе Ҳафтаи XII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай «Таҳсилот бидуни марз» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафтаи XII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай «Таҳсилот бидуни марз» ба кор оғоз намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар кори ҳафтаи таҳсилот намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои аъзои Донишгоҳи СҲШ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Кирғизистон, Россия, Чин, Ӯзбекистон, Покистону Ҳиндустон ширкат доранд.
Дар ҷамъомад муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории Ҳафтаи XII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай тақвият бахшидани ҳамкории байнидавлатии кишварҳои аъзои СҲШ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишварҳо ва инчунин табодули таҷриба дар роҳи тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, мустаҳкам намудани риштаи ҳамсоядорӣ ва дӯстии давлатҳои аъзои СҲШ таввасути соҳаи маориф мебошад.
Инчунин зикр карда шуд, ки яке аз самтҳои муҳими СҲШ дар соҳаи маориф ташкил намудани фазои ягонаи таҳсилот, стандартҳои ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, барнома ва стандартҳои ягона доир ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касби қаламрави СҲШ бо дастрасӣ ба тамоми имкониятҳои мавҷуда мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи ҳафтаи мазкур баргузории суҳбатҳо аз рӯи равияҳои «Минтақашиносӣ», «Экология», «Энергетика», «IT-технологияҳо», «Нанотехнологияҳо», «Педагогика» ва «Иқтисодиёт» дар назар аст.
Дар нишасти коршиносон ҷараёни татбиқ ва самтҳои тавсеаи барномаҳои таълимии магистрии муштарак таҳлил гардида, пешниҳодҳо ҷиҳати татбиқи баъдинаи Созишнома доир ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ таҳия хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






