Дар Душанбе Ҷаласаи XXIII Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 28-29 ноябри соли равон бори аввал дар шаҳри Душанбе Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Имсол раёсати Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Тавре Директори «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Бӯриев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, намояндагон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба масоили бунёдии матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури ноширии кишварҳои аъзои ИДМ, коркарди лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамоҳангии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкории мутақобилан судманд дар самти матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ, интихоби лоиҳаҳо бахшида ба самтҳои муҳими соҳаи мазкур мавриди баррасии иштирокдорон қарор мегиранд.
Дар ҷаласаи мазкур баррасии 6 масъалаи муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфӣ миёни кишварҳои узви ИДМ дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, баъди анҷоми кори ҷаласа намояндагони кишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар боздид ба амал меоранд.
Вазифаи ифтихории Раиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбоналӣ Бӯриев ба уҳда дорад.








Шуруъ аз 18 феврал сокинони Тоҷикистон 16 соат дар як шабонарӯз бо неруи барқ таъмин мегарданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






