Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Президент ва ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун» ҳамоиши илмӣ доир гардид

Ноябрь 15, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Неругоҳи барқи обии «Роғун»  барои халқи тоҷик иншооти бағоят муҳим буда, сохтмони он масъалаи нангу номуси миллист. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қотеият, қаҳрамонона ва ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо иродаи матин сохтмони ин иншооти азимро ба марҳилаи оғози тавлиди неруи барқ оварданд ва онро то ба охир мерасонанд. Ин нуктаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиши илмие, ки таҳти унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори давлати миллии тоҷикон ва эҳёгари Роғун» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур, ки ба муносибати Рӯзи Президенти Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини НБО «Роғун» доир гардид, намояндагони Академияи илмҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ва дигарон оид ба нақши Сарвари давлат дар бунёди НБО «Роғун» сухан карданд.

Зикр шуд, ки бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президент  таҷлил карда мешавад.

«Хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масоили дохилӣ, балки дар масъалаҳои дорои аҳамияти  байналмилалӣ низ бузург мебошанд. Маҳз тавассути ба роҳ мондани сиёсати бобарор ва башардӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд обрӯ ва эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд»,- гуфта шуд дар идомаи ҷамъомад.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайваста, симои шаҳру ноҳияҳо, бахусус пойтахти кишвар ба куллӣ дигар гашт. Ҳанӯз дар оғози давлатдории навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи стратегӣ дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли мамлакат  муқаррар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи хурсандӣ, рӯзи расидан ба ормонҳои миллӣ –истиқлолияти комили энергетикӣ наздик омад ва ба ин сана соатҳои башумор боқӣ монд. Пагоҳ, 16 ноябр дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати нахустини НБО «Роғун» ба истифода дода мешавад.

 

Ноябрь 15, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд