Дар Душанбе баъди навсозӣ кӯпрукҳои роҳи оҳан ва мошингард мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баъди навсозӣ кӯпрукҳои роҳи оҳан ва мошингард, ки дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов бо хиёбони Абӯалӣ ибни Синои ноҳияи Синои пойтахт ҷойгир мебошанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, корҳои сохтмонии иншооти мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 5 июли соли 2018 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ мавриди истифода қарор гирифт.
Фармоишгари лоиҳаи иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷиклоиҳа-Инвест» тарҳрезӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоотро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» ва Корхонаи воҳиди давалатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» анҷом додаанд.
Иншооти мазкур аз пули роҳи оҳан ва роҳҳои мошингард иборат буда, зимни анҷоми корҳо масоҳати беш аз 1,5 км роҳҳо бунёд ва навсозӣ гардиданд.
Баландии такядеворҳои пул 5 метр буда, тамоми деворҳо бо сангҳои хоро ва роҳравҳо бо тахтасангҳо оро дода шудаанд.
Дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан ва роҳҳои моишнгард дар ду тарафи он панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ насб гардида, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшанидиҳанда зиннат медиҳанд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни навсозии иншоот Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тарҳу услуби ороиши пул ва атрофи он мароқ зоҳир намуда, ҷиҳати бунёди композитсияҳои муосири гулу буттаҳои ороишӣ, нигоҳубини дурусти ниҳолу дарахтони атроф ва рангубор намудани намои берунаи биноҳои истиқоматӣ, инчунин тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки навсозии гузаргоҳ ва пулҳои роҳи оҳан ва моишнгард мутобиқ ба меъёрҳои мусоири шаҳрсозӣ сурат гирифта, дар баробари васлу насби низоми равшанидиҳанда ва иваз намудани хатҳои оби нӯшокию интиқоли неруи барқ, инчунин атрофи он дар масоҳати беш аз 5 ҳазор метри мураббаъ ба сабзазор табдил дода шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд иҷро гардида, бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар чаҳор қитъаи иншоот аломатҳои зарурии ҳаракат дар роҳ насб карда шудаанд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд дода, ба масъулини дахлдори шаҳр дастур дод, ки ҳамаи иншооти шаҳри Душанбе бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ва бо инобати фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии сокинон ва меҳмонони шаҳр амалӣ карда шаванд.










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст






