ДАР ДУШАНБЕ ДАР ДЕГИ АЗИМ ЯК ТОННА ОШИ ПАЛАВ ПУХТАНД! Аввалин фестивали «Оши палав» дар пойтахти Тоҷикистон ҷолиб, болаззат ва хотирмон доир гардид

Ноябрь 10, 2018 12:13

ДУШАНБЕ, 10.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар шаҳри Душанбе дар деги азим як тонна оши палав пухтанд! Палавро ошпази ботаҷриба ва шогирдонаш дар доираи Фестивали «Оши палав», ки имрӯз, 10 ноябр дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид, омода намуданд. Дар ин бора хабарнигорони АМИТ «Ховар» Саид АЛӢ, Акрамхоҷа АКБАР ва Тоҳир САИД(акс) гузориш медиҳанд.

Омода намудани оши палав агар барои ошпазон, ки онро  мепазанд, санъат бошад, барои онҳое, ки  ҷараёни пухтани онро  назорат мекунанд, — ҳаловати ҳақиқист.

Тайёр намудани ош нимашаб оғоз гардида, тақрибан 6 соат идома кард. Боғи Фирдавсиро накҳати иштиҳоангези он ба зудӣ фаро гирифт.

7 нафар ошпазони тоҷик таҳти роҳбарии Собирҷон Муҳаммадҷонов дар деги махсус як тонна оши палав омода намуданд. Оши яктоннагиро  ба хотири пойтахти Тоҷикистон «Душанбе» ном гузоштанд.

Эҳтимол ҳатто на миқдору вазни ош,   балки  раванди  тайёр кардани он муҳим бошад. Сараввал ба равғани ҷӯшидаистода гӯштро андохта,  тақрибан баъди ним соат рехтани биринҷро  сар мекунанд. Ошпазон инҷо аксаран на ба соат, балки ба ҳисси шашуми худ такя мекунанд. Дар як лаҳза дар дег аввал пиёз ва баъдан сабзӣ пайдо мешавад. Дар чунин ҳолат ҳар як сония ғанимат аст.

Барои тайёр кардани  хӯроки лазизу дӯстоштаи миллӣ ошпазон 250 кг биринҷ, 200 кг гӯшт, 350 кг сабзӣ, 90 литр равғани растанӣ, 30 кг пиёз, 1 кг зира, 1 кг мӯрчи кӯфта, 5 кг мавиз ва 1 кг зирк (барбарис) истифода карданд.

Дар пухтани палав Собирҷон Муҳаммадҷонов таҷрибаи 17-сола дорад. «Бори аввал ман 15 кг палав пухтам. Тадриҷан таҷриба андӯхтаам, вале як тонна палавро бори аввал мепазам. Дар ин кор ба ман шогирдонам кумак мерасонанд», — гуфт ӯ.

«Ҳама чизе, ки мо барои оши палав истифода мекунем, маҳсулоти маҳаллии худамон мебошанд. Биринҷи «лазер»-и Турсунзодаро истифода мекунем. Ба ҳамагон маълум аст, ки сабзӣ, пиёз, гӯшт ва дигар маҳсулот самараи меҳнати  кишоварзони худамон  мебошанд», — афзуд ӯ.

Фестивали «Оши палав» дар Душанбе, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд, соати 10 оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, раисони кумитаҳои рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, занон ва оила Идигул Қосимзода, забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ба ҷуз оши палави яктоннагии  «Душанбе», ки ба рамзи воқеии фестивал табдил ёфт, инчуни  дар 400 деги дигар беш аз 200 ошпазон аз манотиқи гуногуни  Тоҷикистон – ҷамъулҷамъ 10 тонна палав омода карданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд,   мақсад аз баргузории Фестивал  —  муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик мебошад.

Оши палав  дар Тоҷикистон хӯроки оддӣ нест. Ин хӯроки анъанавиест, ки қисми мероси фарҳанги умумии кишвар маҳсуб меёбад.

Дар Тоҷикистон беш аз 60 намуди  палав  пухта мешавад. Таркиби ин ош аз маҳсулоти гуногун иборат аст, вале он асосан аз биринҷ, гӯшт, сабзӣ, пиёз ва иловаҳо омода мегардад.

Тавре медонем, соли 2016 оши палав ба Феҳристи ҷаҳонии мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил  карда шуд.

Ноябрь 10, 2018 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид