Дар Душанбе Форуми чоруми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

Ноябрь 2, 2018 11:15

ДУШАНБЕ, 02.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Форуми  чоруми   миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, роҳбарияти Вазорати адлия, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарон ва намояндагони  вазорату идораҳои дахлдор, ҳуқуқшиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар  Форуми мазкур таъкид гардид, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи якдилонаи шаҳрвандони кишвар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда шуд. Ин рӯйдод дар таърихи миллати тоҷик воқеаи нодиру фараҳбахш маҳсуб шуда, барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат нақши босазо бозид.

Иштирокдорони форум зимни  маърӯза таъкид намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ асосҳои муосири фаъолияти қонунгузорӣ таъсис ёфта,  дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ беш аз 360 қонун дар соҳаҳои мухталифи қонунгузорӣ, аз қабили гражданӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнат, экологӣ, молия, маъмурию ҷиноӣ, мурофиаи гражданӣ, ҷиноятӣ ва ғайра таҳия ва аз лиҳози меъёрӣ таъмин карда шуданд.

Дар ҳамоиш  ҳамчунин зикр гардид, ки  Форуми миллӣ  оид ба волоияти қонун ягона пойгоҳе мебошад, ки ҳамаи ҳуқуқшиносони мамлакатро барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳодҳо  барои мусоидат намудан  ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо  кардан ба адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид месозад.

Дар Форуми миллӣ масъалаҳо оид ба рушди қонунгузорӣ, мушкилӣ ва муаммоҳои соҳаи меъёрэҷодкунӣ бо назардошти муқаррароти Консепсияи  сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2028, самтҳои асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар замони муосир, муқовимат ба эктремизм ва терроризм, мушкилот ва дурнамо, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва сайёҳӣ заминаҳои бунёдии таҳкимбахшандаи иқтисодиёт,  иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор  ва воситаҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ, муаммоҳо ва дурнамо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъд аз танаффус иштирокдорон вобаста ба манфиатҳои худ барои муҳокимаи тавсияҳо зимни натиҷаҳои Форуми қаблӣ ва мушаххас намудани вазъияти тавсияҳои қаблӣ ва ҳамчунин муайян намудани на зиёда аз панҷ мушкилот ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шуданд. Ҷаласаҳо дар гурӯҳҳои корӣ бо муаррифиномаҳои намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва коршиносони мустақил оғоз гардида, то бегоҳ идома меёбанд.

Хотиррасон менамоем, ки баргузории ҳамоиши мазкур идомаи Форуми  миллии волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои 2015,  2016  ва  2017  буда,  барои  муттаҳид намудани ҳамаи ҳуқуқшиносони кишвар, фароҳам овардани пойгоҳи ягона дар самти муайян намудани афзалиятҳо, таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат ба волоияти қонун, инчунин дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Созмондиҳандагони Форум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон  ва дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ташкил гардидааст.

Ноябрь 2, 2018 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд