Дар Душанбе «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баррасӣ мешавад

Ноябрь 1, 2018 08:38

ДУШАНБЕ, 1.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ҷамъомад доир менамояд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд,  дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, профессорону устодони соҳаи тиб, намояндагони Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, шарикони ҳамкор оид ба рушд ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомади мазкур дастовардҳои умумӣ ва вазъи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор мегирад.

 

Ноябрь 1, 2018 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад