Дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешаванд

Ноябрь 15, 2018 10:32

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   16  ва  17 ноябри соли равон дар  пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони пойтахт дар асоси қарори дахлдори  Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

Аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  дар ҳамаи бозорҳои шаҳр  ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин  чунин ярмаркаҳо аз ҷониби кишоварзони вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ дар КВД «Бозори Саховат», деҳқонони  вилояти Суғд, шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав дар КВД «Бозори Меҳргон», шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзободу Лахш дар Бозори «Қарияи боло» ва ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод дар бозори «Ховарон» ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд.

Ноябрь 15, 2018 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад