Дар Хонаи адибон 80-солагии шоири зиндаёд Бозор Собир пуршукӯҳ таҷлил гардид

Ноябрь 23, 2018 17:22

ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Устод Бозор Собир чанд насли алоқамандони шеърро тавассути ҷузъиёти дилпарвару дилофари табиати нотакрори диёр ва расму оинҳои пандомӯзу рӯҳафрӯзи аҷдодӣ ҷовидона бо  ин обу хок, сарзамини муқаддас,  Ватани зебову дилоро пайваст ва ин пайванд бо сатрҳои зиндаву равон, ки нусхаҳои шарёни гарму ҳаётбахши худи шоиранд,   ҷовидонаанд. Ин нуктаро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) Низом Қосим имрӯз зимни ифтитоҳи ҷамъомади адабӣ- фарҳангие, ки дар Хонаи адибони Иттифоқи нависандагон бахшида ба 80-солагии шоири маъруфи  тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Бозор Собир баргузор гардид, баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин маҳфили пур аз шеъру суруд садҳо нафар нависандагону шоирон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори ин шоири зиндаёд иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки устод Бозор Собир шоири сабки хеш аст ва ашъори бесобиқаи бо заҳмату машаққати  камназири шоирӣ дар сабки худ гуфтааш далели инанд. «Бозор Собир на танҳо худ як умр шеъри ноб гуфт, балки бо ҳиммати боз ҳам бесобиқаи шоириву мактабдорӣ як зумра шоирони чанд наслро ба омӯзишу гаравиши шеъри ноб ҷалб  кард, ки ба қадри имкону тавон шеър ва сабки ӯро идомаву густариш доданд. Ин навъи шеър имрӯз яке аз дӯстдоштатаринҳост»,- зикр намуд Низом Қосим.

Гардонандаи маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло дар навбати худ иброз дошт: «Баъд аз устод Мирзо Турсунзода ва ҳаммаслаконаш се тан шоири тоҷик дар назми имрӯза таҳаввулоти бузурге ба амал оварданд. Муъмин Қаноат шеъри тоҷикро аз урёнбаёнӣ, обшустагӣ ва пургӯиҳо раҳо кард. Онро ба   шеъри ҳунар табдил дод ва он рӯҳияи милливу оҳанги башариро ба худ касб намуд. Устод Лоиқ ин корро идома дод ва дар тамоми жанрҳои шеъри суннатии мо навоварӣ овард. Шеъри тоҷик шакли имрӯза гирифт ва ба дарду  ниёзи мардум ва армонҳои миллӣ наздик шуд. Дар ин замоне, ки Устод Муъмин Қаноат яккатози майдони шеъри тоҷик буд,  устод Лоиқ дар сари минбарҳо ва вирди забонҳо буд, хеле мушкил буд, ки як шоири дигар зуҳур кунад ва ҳаводорони адаб ӯро бо кафкӯбиҳо истиқбол гиранд.  Аммо чуниин шоир ба майдон омад ва ӯ устод Бозор Собир буд».

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт: «Бозор Собир шоирест бо эҳсосоти ҳамаҷонибаи табиат ва қариб шеъре надорад, ки дар он ҳузури табиат мушоҳида нашавад ва банда боз ҳам ба ёд меорам, ки устод Бозор як замонҳо ба омӯзиши фанҳои биология, география, зоология,  умуман табиатшиносӣ шуғл дошт, зеро донистани ҷузъиёти ин соҳаҳо барои шоир хеле муҳим аст, албатта, дар баробари донистани ҳама соҳаҳои дигари илму зиндагӣ, то шеъри шоир ҳавоӣ ва тахминӣ намонад, балки заминаҳои мустаҳками воқеӣ дошта бошад».

Номбурда дар идомаи суҳбат гуфт, ки маҳз сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, ғамхорӣ ва арҷгузориҳояшон ба илму адаб ва фарзандони эҷодкори ин  миллат буд, ки шоири номдори тоҷик Бозор Собир баъд аз солҳои зиёди зиндагӣ дар Амрико ба Ватан бозгардонида шуд ва тӯли умри боқимонда, хусусан, солҳои охир мавқеи мустаҳками ватандӯстӣ ва садоқатмандӣ ба Ватан, истиқлолияту озодӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди кишварро соҳиб гардид.

Дар маҳфили адабӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Саидқул Билол ва дигар ҳунармандони маъруф сурудҳои хешро бар ашъори устод Бозор Собир манзури иштирокдорон гардониданд.

Бояд гуфт, ки барои гиромидошти ашъори волои шоир дар маҳфил аз ҷониби аҳли ҳунари Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов  намоиши «Шабе дур аз Ватан» пешниҳод карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки шоир Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.  Устод Бозор аз падар бармаҳал ятим мондааст. Маълумоти миёнаро Бозор Собир дар мактаб-интернати шаҳраки Ҳисор ба даст оварда, соли 1962 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар идораҳои рӯзномаи «Маориф ва маданият», маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ғайра фаъолият доштааст. Соле дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ба сифати тарҷумон ва аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сифати мушовири бахши назм кор кардааст.

Маҷмуаҳои ашъори Бозор Собир «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳаводорони зиёд доранд. Шоир  соли 1988 барои китоби «Бо чамидан, бо чашидан…» Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифтааст.

4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоири маҳбуби халқи тоҷик Бозор Собир Ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 3»-ро тақдим намуданд. Шоири тавонои тоҷик Бозор Собир дар шеърҳояш пайваста ватандӯстӣ, гиромӣ доштани забони модарӣ, таъриху тамаддуни миллати тоҷикро тарғиб намуда, худро шоири мардумӣ меҳисобид. Дар як шеъраш шоир гуфтааст:

Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,

Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.

Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,

Шеър дар ҳалқам бимирам,

Шоири халқам бимирам.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2018 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»