Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчам маҷлиси тантанавӣ доир гардид

Ноябрь 23, 2018 13:25

ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо  ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар  ҷаласаи мазкур  намояндагони  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву ташкилотҳои зерсохтори он,  аҳли илму адаб, коршиносони соҳа ва кормандони дастгоҳи   Раиси  шаҳри Душанбе  иштирок    намуданд.

Ҳамоишро муовини  Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз  намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ баёнгари ҳақиқии мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи он ба сӯи ояндаи дурахшони мамлакат  буда, он дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ — Конститутсия, Нишони давлатӣ ва  Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои  давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии як миллат ва як давлати воҳид  шаҳодат медиҳад.

Дар ҳамоиш таъкид  гардид, ки   Парчами давлатии Тоҷикистон  24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сароғози таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми  идории мамлакат асос гузошт, қабул ва тасдиқ гардидааст. Ин рӯйдоди муҳим ба ҷаҳониён эҳёи давлати  миллии  тоҷиконро  исбот  кард.

Иштирокдорони  ҷамъомад доир ба аҳамияти парчаму  парчамдорӣ дар  низоми давлатдорӣ   андешаҳои худро баён карданд.

Нотиқон аз ҷумла, зикр намуданд, ки оини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳор  ҳазорсола дошта, он  рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассуми  ифтихору ору номуси  ҳар як миллат аст. Гузаштагони арҷманди мо  ҳазорсолаҳо  зери   парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату  ягонагӣ, нангу номус ва  забону  фарҳанги  худро  ҳимоят  кардаанд.

Имрӯз Парчами миллӣ, ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум баҳри ободии кишвар, ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдодиамон бо тобиши се ранг: сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ  ва  истиқлол, ранги сафед – нишони бахту  саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи  сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамиву абадият ва миёни онҳо рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи  дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани  соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва  қарзи  шаҳрвандии  аҳли  ҷомеаи  мо ба ҳисоб меравад  ва  зарур  аст, ки  ҳисси  ифтихор аз парафшонии он дар сиришту  фитрати  ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар  доимо пойбарҷо  бошад».

Бо дарки   аҳамияти  бузурги  парчам барои ҳар як миллат, ҳамасола 24 ноябр сокинони сарбаланди мамлакат  бо азму иродаи қавӣ ва ифтихор аз ватандории миллӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил  менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур, бахшида ба Рӯзи Парчам дар пойтахт  баргузории конференсияҳои илмӣ – амалӣ, маҳфилҳои маърифатӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ таҷлил мегардад.  Бояд илова кард, ки соли 2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе  баландтарин парчам дар ҷаҳон,  ки баландии  сутунаш  165 метрро ташкил медиҳад, барафрохта шуда, он ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид. Дар маросими ботантана ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи китоби «Рекордҳои Гиннес» Дэвид Чемберс гувоҳнома супорид. Дар расми барафрохтани баландтарин парчам дар ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ  карда, Парчами давлатиро «ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии  тоҷикон» унвон намуда буданд.

Бояд тазаккур  дод, ки  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои зебои Душанбе  доман густурдааст. Имрӯз ин мавзеъ — «Боғи Парчами миллӣ»   на танҳо ба  сайргоҳ ва ҷои тафреҳи сокинону меҳмонони  мамлакат,  балки ба макони ифтихор аз  имрӯзу фардои дурахшони  Ватани мо- Тоҷикистон  табдил гардидааст.

Ноябрь 23, 2018 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон 20 март дар пойтахти Тоҷикистон Форуми IV байналмилалӣ баргузор мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
Оид ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад
Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
«САЙРИ САДА». Дар Душанбе таҳти ин унвон барои иштирокдорон ва меҳмонони хориҷӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардид