Дар Пекин шоми фарҳангии «Тоҷикистон — Россия – Чин» баргузор гардид

Ноябрь 19, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 19.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази фарҳангии Россия дар Пекин бо дастгирии сафорати Россия дар Чин, Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Ҷамъияти дӯстии халқҳои Чин бо кишварҳои хориҷӣ шоми фарҳангии «Тоҷикистон — Россия – Чин» баргузор гардид.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин хабар доданд, дар шоми фарҳангӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Арманистон, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, аъзои Ҷамъияти дӯстии халқҳои Чин, намояндагони сафоратҳои Беларус ва Озарбойҷон, кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, олимону адибон, рӯзноманигорон, профессорҳо, муаллимон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии Пекин ширкат варзиданд.

Ба барномаи шоми мазкур, ки рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ гардид, суханронии ходимони эҷодии Тоҷикистону Россия дохил шуда буд: шоири машҳури тоҷику рус, нависанда ва драманавис Темур Зулфиқоров, ҳунарпеша ва рассоми рус бо решаҳои чинӣ Ирина Ванн, режиссёри кино ва фарҳангшинос, сардори шуъбаи «Дебют»-и «Тоҷикфилм» Шарофат Арабова, пианинонавоз, лауреати озмунҳои байналмилалӣ Светлана Кудрявсева. Эҷодиёти онҳо меҳмонони шоми фарҳангиро мафтун намуда,  таъсири мусбат бахшид.

Ба толор аксҳои рассомон Жин Синши ва Ирина Ванн ҷилои дучанд бахшиданд.

Сафири Россия дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Андрей Денисов ба рушди фаъоли робитаҳои гуманитарӣ байни кишварҳо ва густариши робитаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла дар Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳ зоҳир кард. Вай гуфт, ки соли 2019 раёсати ин созмонро Россия ба уҳда мегирад.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода зикр кард, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ва Россия бар асоси меъёрҳои шарикии стратегӣ ва иттиҳоди стратегӣ бунёд ёфтаанд. «Чунин намунаи ҳамкорӣ метавонад сарвати маънавии мамлакатҳои моро зиёд намуда, иттиҳоди фарҳангии байни халқҳоро тақвият диҳад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои тақвияти ҳамкории фарҳангии байни кишварҳо дар оянда кумак мекунад», — гуфт Парвиз Давлатзода.

 

Ноябрь 19, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид