Дар пойтахти Давлати Кувайт барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри ба номи Абулазиз Абулризои пойтахти Давлати Кувайт барномаи фарҳангии аҳли санъат ва ҳунари тоҷик баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати расмӣ ва эҷодии Тоҷикистонро муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб роҳбарӣ намуд.
Дар барномаи фарҳангӣ раиси Шӯрои илм ва фарҳанги Давлати Кувайт Алӣ Юъҳа, муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Алӣ Саид Сулаймон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва мухлисони санъату фарҳанг иштирок намуда, аз тамошои барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дидан намуданд.
Дар ин барномаи рангини фарҳангӣ санъат ва ҳунари тоҷикро ҳунармандони маъруф Давлатманди Хол, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии «Парасту» муаррифӣ намуданд.
Ёдрас мешавем, ки ҳайати мазкур баъди ба анҷом расидани сафари ҳунарӣ дар Давлати Кувайт барои иштирок дар аввалин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар сафар намуд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар аз имрӯз, 22 ноябр оғоз гардида, то 28 ноябр идома меёбанд.











Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






