Дар шаҳри Боку Шоми фарҳанги тоҷик баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷамъомади фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни баргузории барномаи фарҳангӣ зиёда аз дусад нафар меҳмонон ҳузур доштанд. Аз ҷумла, намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Боку, намояндагони зиёиён ва аҳли илму маорифи кишвари иқомат, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, инчунин вакилони Милли Меҷлис (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон ва аъзои гурӯҳи дӯстии Тоҷикистону Озарбойҷон, соҳибкорон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ дар бораи дастовардҳои кишвар дар тӯли солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, нақши таърихии ӯ дар рушди давлатдории тоҷикон, инкишоф ва шукуфоии мероси фарҳангии тоҷикон, суханронӣ намуд.
Ҷамъомади мазкур ба дастгирии рушди ҳунарҳо ва ҳунармандони миллӣ, ки тайи садсолаҳо дар самти истеҳсоли матоъ, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолин, нақшу нигори заргарӣ ва ғайра фаъолият намудаанд ва то имрӯз он анъанаҳои аҷдодии гузаштагони хешро идома медиҳанд, бахшида шуда буд.
Дар доираи ҷамъомад либосҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили атлас, адрас, чакан, гулдӯзӣ, сӯзанӣ, кундал, асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, суруду оҳангҳои гуногунжанр ва маъруфу машҳури тоҷикӣ, хӯрокҳои гуногуни миллӣ, инчунин иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.















Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






