Дар шаҳри Хоруғ ба шарафи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор гардид

Ноябрь 14, 2018 16:29

ХОРУҒ, 14.11.2018 /АМИТ « Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар  шаҳри Хоруғ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои  миллат» роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар он бештар аз 3 ҳазор нафар  ҷавонони шаҳр ва ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд.

Ҷавонон пас аз роҳпаймоӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷамъ омада, дар пояи Парчами миллӣ гулчанбар гузоштанд. Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «ҳамасола ҷавонони вилоят Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо самимияту садоқати бепоён истиқбол мегиранд. Имсол ин рӯзи фараҳбахш ба санаи дигари таърихӣ- маросими ба кор андохтани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» рост меояд. Ин ду мафҳум бо ҳам алоқамандии мустақим доранд. Агар Пешвои миллат ба ҳар хонадони тоҷик сулҳу оромӣ  оварда бошад, «Роғун» ба онҳо равшанию нур тақдим мекунад. Бунёди ин неругоҳи азим аз ҷасорату қаҳрамонии Пешвои миллат ба хотири ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ башорат медиҳад. Пешвои миллат бо ин иқдоми хеш бори дигар собит сохтанд, ки ҳар амали неке, ки ба хотири хушбахтию саодати халқ роҳандозӣ мешавад, ҳатман муваффақона анҷом меёбад».

Дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷавонон бо навбат ба минбар баромада, дар бораи нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу оромӣ, волоияти қонун, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тандурустию варзиш изҳори ақида намуданд.

Ноябрь 14, 2018 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд