Дар Суди Олӣ бахшида ба 24-солагии рӯзи қабули Конститутсия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистонро гузошта, таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намудааст. Ин нуктаро имрӯз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 24-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд.
Инчунин Ш. Шоҳиён иброз дошт, ки вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат ифодаи бевоситаи худро меёбад.
«Бо дарназардошти аҳамияти фаъолияти ҳокимияти судӣ дар таъмини кафолатҳои конститутсионии арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад», — иброз дошт Ш. Шоҳиён.
Инчунин дар ҷамъомад масъалаҳо вобаста ба «Конститутсия: заминаи асосӣ дар низоми нави ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Конститутсия дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» ва «Конститутсия – бахтномаи миллат» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






