ДУШАНБЕ АЗ МОСКВА ХОҲИШ КАРД, ТО САБАБҲОИ МАРГИ ШОЕВРО ШАРҲ ДИҲАД. Шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои пойтахти Россия ҷон дод
			
					
										ДУШАНБЕ, 28.11.2018./АММИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода имрӯз ба Вазири корҳои дохилии Россия генерали политсия Владимир Колоколсев дар пайи қазияи марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаи политсия барқия ирсол намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
Рамазон Раҳимзода зимни барқия хоҳиш намудааст, ки мақомоти дахлдори ин кишвар далели марги шаҳрванди Тоҷикистонро дар шӯъбаи полис шарҳ бидиҳад. Ӯ ҳамчунин дархост кардааст, ки санҷиши қазияи мазкур зери назорат қарор дода шавад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле хостори тафтиши қазияи марги Илҳомиддин Шоев, муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар Россия мешавад, ки наздикони марҳум далели тафтишот дар бораи бемори қалб будани ӯро рад мекунанд.
Бино ба хабари политсияи Москва, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи мақомоти корҳои дохилии Вешнякии шаҳри Маскав «аз бемории дил» ҷон додааст. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки дастаи СОБР 18 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро дастгир карда, ба идораи пулис оварда буд. Намояндаи политсия ба ВАО гуфтааст, ки Шоев дар роҳзанӣ гумонбар мешуд. Чизе, ки наздикони Илҳомиддин комилан рад мекунанд.
Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки писараш ҳеҷ гоҳ бемории дил надошт.
Ҷасади ин муҳоҷир рӯзи 27-уми ноябр ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд. Аз Илҳомиддин чаҳор фарзанди ноболиғ мондааст, ки калониаш 14-сола аст. Наздиконаш мегӯянд, Илҳомиддин то замони ба муҳоҷират рафтан дар Тоҷикистон ронандаи мусофиркаш буд.








						
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
									
									
									
									
									





