ДУШАНБЕ АЗ МОСКВА ХОҲИШ КАРД, ТО САБАБҲОИ МАРГИ ШОЕВРО ШАРҲ ДИҲАД. Шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои пойтахти Россия ҷон дод

Ноябрь 28, 2018 13:26

ДУШАНБЕ, 28.11.2018./АММИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода имрӯз ба Вазири  корҳои дохилии Россия генерали политсия Владимир Колоколсев дар пайи қазияи марги як шаҳрванди Тоҷикистон  дар шӯъбаи политсия барқия ирсол намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон хабар  доданд.

Рамазон  Раҳимзода зимни барқия  хоҳиш намудааст,  ки мақомоти дахлдори   ин кишвар  далели марги шаҳрванди Тоҷикистонро дар шӯъбаи полис  шарҳ бидиҳад. Ӯ ҳамчунин дархост кардааст, ки санҷиши қазияи мазкур зери назорат қарор дода шавад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле хостори тафтиши қазияи марги Илҳомиддин Шоев, муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар Россия мешавад, ки наздикони марҳум далели тафтишот дар бораи бемори қалб будани ӯро рад мекунанд.

Бино ба хабари политсияи  Москва, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи мақомоти корҳои дохилии  Вешнякии шаҳри Маскав «аз бемории дил» ҷон додааст. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки  дастаи СОБР 18 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро дастгир карда, ба идораи пулис оварда буд.  Намояндаи политсия ба ВАО гуфтааст, ки Шоев дар роҳзанӣ гумонбар мешуд. Чизе, ки наздикони Илҳомиддин комилан рад мекунанд.

Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин

Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки  писараш ҳеҷ гоҳ бемории дил надошт.

Ҷасади ин муҳоҷир рӯзи 27-уми ноябр ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд. Аз Илҳомиддин чаҳор фарзанди ноболиғ мондааст, ки калониаш 14-сола аст. Наздиконаш мегӯянд, Илҳомиддин то замони ба муҳоҷират рафтан дар Тоҷикистон ронандаи мусофиркаш буд.

Ноябрь 28, 2018 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид