Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор даври дуюми Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» ботантана ҷамъбаст гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъбасти фестивал беҳтарин дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва беҳтарин номинатсияҳо бо диплом, ифтихорнома ва созҳои миллии мусиқӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ба ғолибони фестивал аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ширкати муштараки «Транс-ТоҷикГаз Тайплайн Компани Лимитед» (ТТГП) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Тибқи пешниҳоди аъзои ҳакамон, Шоҳҷоиза насиби дастаи ҳунармандони шаҳри Ҳисор, ду ҷойи аввал насиби дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, ду ҷойи дуюм насиби ноҳияҳои Тоҷикобод ва Файзобод, се ҷойи сеюм насиби шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд, Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон гардид.
Дар номинатсияҳои навозиши умумӣ, бадеҳа, суруди якка ва сюитаи овозию рақсӣ ҳунармандони санъати шаҳри Ҳисор, суруди ҳамсароёни бисёровоза (аккапело), намоиши либосҳои миллӣ ва монолог дастаи ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, навозиши якка ва рақси якка ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, саҳначаи ҳаҷвӣ ва порча аз анъанаҳои мардумӣ- шаҳри Ваҳдат, хониши бадеӣ- Файзобод, суруди анъанавии фалак- Ҳамадонӣ, суруди ўзбекӣ- Тоҷикобод, рақси хоразмӣ- шаҳри Роғун, рақси қирғизӣ- Лахш, саҳначаи ҳаҷвӣ- Ёвон, суруди анъанавии «Лалаик»- шаҳри Хоруғ ва шашмақомхонӣ- ноҳияи Шаҳринав ғолиб дониста шуда, дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иштироки фаъолона дар Фестивали мазкур бо диплом сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар маросими ҷамъбасти фестивал-озмун 15 нафар кормандони фаъоли муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанг, 6 нафар бо «Ифтихорнома»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 нафар ҳунармандон бо «Ифтихорнома»-и Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мушарраф гардиданд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






