Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад

Ноябрь 2, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Федератсия Россия аввалин Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон ҷараён дорад. Тавре намояндаи  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода аз шаҳри Владикавкази Федератсияи Россия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дирӯз ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идомаи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон аз Москва ба шаҳри Владикавказ сафар намуданд. Дар ин шаҳр ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеъҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, таърихӣ ва сайёҳии Валадикавказ дидан намуда, бо таърих, фарҳанг ва расму оини мардуми ин минтақаи Россия шинос гардиданд.

Ба иттилои  номбурда, Форуми мазкур дар доираи муносибатҳои неки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия баргузор шуда, он барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳарду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.

«Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон дар сатҳи баланду зарурӣ идома дорад. Форуми мазкур  имконият фароҳам овард, ки  давлатҳо байни ҳам табодули таҷриба намуда, масъалаҳои муҳими ҷавонони ду кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.  Дар  Форум масъалаҳои ҷавонон, рушди волонтёрӣ ва  соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ин соҳа назаррас арзёбӣ гардид»,- гуфт намояндаи  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон то 4 ноябри соли равон идома меёбад.

 

Ноябрь 2, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад