Иди фархунда муборак бошад! Пагоҳ дар Душанбе бахшида ба мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми неругоҳи «Роғун» намоиши театришуда баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 17 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе намоиши театришуда бахшида ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун» баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин барномаи театришуда устодони санъати тоҷик бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ ба фазои идонаи Тоҷикистон шукӯҳи тоза мебахшанд.
Ҳамчунин 17 ноябр дар тамоми боғҳо ва дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти оммавӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, чунин барномаҳои идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ, майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур ва майдони назди Прокуратураи генералӣ дар ноҳияи Сино баргузор мегарданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ин ҷашнгоҳҳо даъват менамояд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз ва пагоҳ, 17 ноябри соли равон дар пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ низ баргузор карда мешаванд.
Ин иқдом бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони пойтахт дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бозорҳои шаҳр ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин чунин ярмаркаҳо аз ҷониби кишоварзони вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ дар КВД «Бозори Саховат», деҳқонони вилояти Суғд, шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав дар КВД «Бозори Меҳргон», шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзободу Лахш дар Бозори «Қарияи боло» ва ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод дар бозори «Ховарон» ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд.








АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






