Ифтитоҳи Корхонаи муштараки «Муосир» дар ноҳияи Данғара
ДУШАНБЕ, 05.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки барои бунёди корхонаи мазкур моҳи майи соли 2017 аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуда буд. Ҳамон вақт Сарвари давлат ба масъулон дастур дода буданд, ки корхона дар муҳлати якуним сол бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода шавад. Инак бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар муддати камтар аз як солу шаш моҳ ин корхонаи бузурги саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхонаи муштараки «Муосир» дар масоҳати 24 гектар бунёд гардида, он аз 21 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва васлу насби технология дар марҳилаи аввал масъулон азм доранд, ки дар оянда барои ба роҳ мондани истеҳсоли дигар намуди маҳсулот нақшаҳои мушаххас амалӣ созанд.
Дар маркази идораи бинои маъмурии корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугма таҷҳизоти муосири онро ба кор андохта, раванди истеҳсолотро тавассути монитор назорат карданд.
Чунин низоми замонавӣ дар ҳудуди иншооти истеҳсолӣ низ ба роҳ монда шудааст ва тавассути марказҳои ягонаи идораи рақамӣ раванди истеҳсолот дар ҳудуди корхона пайваста назорат карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин 14 намуд таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Ашёи хом ба корхона аз дохили мамлакат ва инчунин аз Федератсияи Россия, Чин ва Ӯзбекистон дастрас мегардад. Айни замон дар корхонаи муштараки «Муосир» 3 намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол карда мешавад. Барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр берун аз ҳудуди корхонаи истеҳсолӣ 4 анбор бунёд карда шудааст ва дар ҳар яки он мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит муҳайё мебошад. Анҷоми корҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, захира ва интиқоли маҳсулоти тайёр тавассути 12 техникаву механизми махсусу борбардор роҳандозӣ мегардад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин корхона 80 нафар, аз ҷумла 60 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Барои мутахассисону дигар коргарон шароити мукаммали фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Дар корхонаи муштараки «Муосир» баробари сокинони маҳаллӣ ҳамчунин аз дигар минтақаҳои мамлакат шаҳрвандон ба кор ҷалб шудаанд ва ба онҳо дар ҳудуди корхона манзили зист муҳайё мебошад. Дар хобгоҳи ин корхонаи азими саноатӣ, ки аз ду ошёна иборат аст, шароити хуби зиндагонӣ ташкил карда шудааст. Дар ошёнаи якуми ҳамин бино ошхона бо 50 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.
Мутахассисони корхона дорои ихтисоси баланд буда, фаъолияти кории онҳо мутобиқ ба меъёри байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Барои такмил додани маҳорати касбии кормандон дар корхонаи муштараки «Муосир» синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Дар ин синфхона кормандон бо ҷалби мутахассисони дорои тахассуси баланд аз курси омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Ба хотири таъмини амният ва бехатарии кормандон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ дидбонгоҳҳои назоратӣ ташкил гардидаанд. Ҳудуди корхона тавассути камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад.
Атрофи корхонаи мазкур ва шафати роҳравҳо дар асоси талабот сабзазор карда шуда, дар назди иншооти мавҷуда дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонида шудаанд, ки барои истироҳату фароғати кормандон мусоид аст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Муосир», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд ёфтааст, дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат — гузаштан аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин






