Ифтитоҳи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2018 10:58

ДУШАНБЕ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи 9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз бинои асосӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ ва инчунин нуқтаи назорати гузаргоҳӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии иншоот ба 14 ҳазору 351 метри мураббаъ баробар аст. Бинои асосии Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм бо тарҳи муосиру мутобиқ ба талаботи имрӯза сохта шуда, аз чор ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино аз қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, таълимӣ, маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори ёрирасон иборат аст.

Дар ошёнаи якуми бинои асосии марказ қисми навбатдории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст ва ғайра ҷой дода шудааст. Ошёнаҳои дуюм ва сеюми он барои утоқҳои корӣ, синфхонаҳои таълимию маҷлисгоҳҳои хурду бузург, утоқ барои қабули меҳмонон ва ҳуҷраҳои хоб пешбинӣ шуда, дар онҳо шароити мукаммали фаъолият фароҳам мебошад.

Тавре аён шуд, инфрасохтори мавҷуда дар бинои асосии марказ бо муосиртарин лавозимот, аз ҷумла компютеру ноутбук, принтер ва ғайра ҷиҳозонида шуда, дар синфхонаҳои таълимӣ имконияти фарохи ба омӯзиш ва такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳа мавҷуд мебошад. Се синфхонаи таълимии марказ, ки ҳар кадом дорои 6 ҷойи нишаст аст, бо воситаҳои навтарини таълим муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Дар ошёнаи сеюми бинои асосии Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм 8 ҳуҷраи хоб барои омӯзгорон ва курсантон муайян гардидааст. Ҳар як ҳуҷра дорои ду рахти хоб, ҷевон ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошад.

Толори нигоҳдории таҷҳизоти техникӣ, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва ҷойгоҳ барои захираи об бо иқтидори 300 метри мукааб дар ошёнаи чорум ҷой дода шудаанд. Дар ҳамин бино китобхона мавҷуд аст, ки дар он номгӯи зиёди адабиёти таълимии соҳавӣ ҷамъ оварда шудаанд.

Дар таҳҳонаи бинои мазкур толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои обу тоби бадан ташкил гардида, қисмати дигари он ҳамчун таваққуфгоҳ пешбинӣ шудааст.

Баробари ба истифода додани маркази мазкур кормандони он бо 9 автомашинаи сабукрав, як микроавтобус ва 2 автомашинаи бо таҷҳизоти махсуси оперативӣ-техникӣ ҷиҳозонидашуда таъмин гардиданд.

Меҳмонхонаи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм дорои 8 ҳуҷра ва инфрасохтори ёрирасон буда, дар он беҳтарин шароити истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст.

Бинои меҳмонхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 540 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Иншооти мавҷуда дар маркази мазкур бо шабакаи гармидиҳии мутамарказ ва таҷҳизоти оташнишонӣ таъмин мебошад. Дар марказ имкони ба таълим фаро гирифтани 100 нафар дар як вақт мавҷуд аст.

Дар саҳни марказ 3 майдончаи варзишии муосир барои гузаронидани бозиҳои баскетбол ва бадминтон мавҷуд мебошад.

Дар дохил ва атрофи иншоот 28 камераи мушоҳидавӣ насб ва қисмати болоии девори гирди бино бо симтӯрҳои махсуси муҳофизатӣ иҳота гардидаанд.

Дар маҷмӯъ масоҳати 9 ҳазор метри мураббаъ сабзазор шуда, атрофи иншоот бо 5 ҳазор гулҳои ҳархела ва 100 бех дарахти ҳамешасабз оро дода шудааст.

Ин иншооти навбунёд, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар рӯзҳои таҷлили солгарди навбатии Рӯзи милитсия мебошад.

Баъди шиносоӣ бо шароиту имконияти Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони он дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили дастгоҳи аксбардорӣ, наворбардорӣ, телевизор ва дигар воситаҳои техникӣ туҳфа намуда, онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.11.2018

Ноябрь 9, 2018 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ ва таъзия бинобар даргузашти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд
Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои мамлакат суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро ба ҳузур пазируфтанд
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон