Ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад
ДУШАНБЕ, 03.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» дарси маҳорат баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар он мутахассисони Маркази миллии патенту иттилоот, вазоратҳои фарҳанг ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои мафҳуми моликияти зеҳнӣ ва объектҳои он, низоми милливу байналмилалии ҳифз ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқиву иқтисодии моликияти зеҳнӣ сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2020» ва «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон барои давраи то соли 2020» қабул гардидаанд, ки барои рушди моликияти зеҳнӣ, ҳамоҳангсозӣ, банақшагирӣ, муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи соҳа, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳа тавассути ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ, тиҷоратикунонии объектҳои моликияти зеҳнӣ ва мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи моликияти зеҳнӣ ба санадҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
«Кормандони воситаҳои ахбори омма, ки ҳамарӯза бо ҷомеа ва эҷод сару кор доранд, дар татбиқи ин барномаву стратегия нақши муҳим мегузоранд. Зеро онҳо дар барномаву гузоришҳои худ оид ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи муаллиф сухан карда, ба ин восита дар ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро ба ҷо меоранд»,- гуфта шуд дар ҷамъомад.
Мақсад аз баргузории дарси маҳоратро масъулин баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонӣ, фаҳмонидани моҳият ва мафҳуми соҳаи моликияти зеҳнӣ ба намояндагони ВАО арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки объект ва субъекти моликияти зеҳниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сар карда, то қонун ва кодексҳои алоҳидаи махсуси ин соҳа ҳифз менамоянд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






