Имрӯз дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон расман оғоз мешаванд

Ноябрь 24, 2018 12:50

ДУШАНБЕ, 23.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан ттилоъ додем, ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 ноябр зери роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба   Давлати Қатар сафар намуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Тоҷиддини Ризвон аз Давлати Қатар иттилоъ дод, маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бегоҳи имрӯз, 24 ноябр дар шаҳри Давҳа бо роҳандозии барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ меёбад.

Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ҳунармандон Давлатманди Хол, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии «Парасту» шомиланд.

Ба иттилои хабарнигори мо, бегоҳи дирӯз ҳайати фарҳангии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз осорхонаи Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ дидан намуд. Меҳмонони тоҷикистонӣ зимни боздид аз осорхона бо мусаввараҳо ва ёддоштҳои таърихии Давлати Қатар шинос шуданд.

Баъди боздид аз осорхона аз ҷониби Давлати Қатар ба шарафи меҳмонони тоҷик зиёфат ороста шуд. Ҳангоми зиёфат бо дархости вазири фарҳанги ин давлат ҳунармандони тоҷик сурудҳо замзама карданд, ки писанди хотири мизбонон гардид.

Тавре Тоҷиддини Ризвон хабар дод, аз дирӯз инҷониб дар рӯзномаҳо ва расонаҳои хабарии ин мамлакат вобаста ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар мақолаҳо ба нашр расида истодаанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 25 ва 26 ноябр дар Маҷмааи «Қатар Молл»-и ин давлат баргузории барномаҳои ҳунарӣ аз ҷониби ҳунармандони тоҷик дар назар аст.

Мавриди зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал гузаронида шуда, то 28 ноябри соли 2018 идома меёбанд.

 

Ноябрь 24, 2018 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид