Имрӯз дар Душанбе Машварати расмии Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» оғоз ёфт

Ноябрь 2, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 02.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе Машварати расмии Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» шурӯъ гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар кори  он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ,  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода,  Роҳбари Намояндагии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, профессорону устодони соҳаи тиб, шарикони ҳамкор оид ба рушд ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок намуданд.

Дар кори ҳамоиш Насим Олимзода зикр кард, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2018  барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ  ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббию иҷтимоии муосир ва муқтадир дар якчанд самт корҳои муайянро ба анҷом расонид.

«Дар самти  беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ зиёда аз 50 лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, айни ҳол дар сатҳи баррасии ниҳоӣ қарор доранд», — зикр намуд Н.Олимзода.

Инчунин иброз гардид, ки масъалаи пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи беморони гирифтори гепатитҳои вирусӣ, ки яке аз масъалаҳои мубрам  ба ҳисоб рафта, мавриди нигаронии соҳа қарор дошт, аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ бо қарори  Шӯро оид ба шарикии  давлат  бо бахши хусусӣ Лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» таҳия шуд. Айни замон    дар ин самт фаъолият ҷараён дорад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки  таъмини устувории ғизои  мактабӣ яке  аз афзалиятҳои фаъолияти вазорат буда, 28 апрели соли равон «Нақшаи амал оид ба татбиқ намудани  лоиҳаҳои таҷрибавии  рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба имзо расонида, он дар 50 мактаби вилояти Хатлон ва водии Рашт тадбиқ мешавад.

Дар ҷамъомад муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим иброз дошт, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҷиҳати беҳтар намудани  сатҳи   хизматрасонии  тиббию санитарӣ  ба аҳолӣ дар доираи тадбиқи стратегияву барномаҳои  миллӣ бо  мақсади пешгирии ташхис ва  муолиҷаи бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои ишемиявии дил, саратон, осеббардорӣ, беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ, диабети қанд ва хусусан бемории ВНМО  ва сил тадбирҳои муассир андешида,  ҳамаи кӯшишу ғайрати худро барои сари вақт  ва самаранок  амалӣ гардонидани онҳо   равона гардонида истодааст.

Бояд зикр намуд, ки зимни ҷамъомад иштирокчиён оид ба дастовардҳои  низоми тандурустӣ дар марҳилаи солҳои 2010-2018 амалисозии  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва  саҳми Шарикон оид ба рушд  дар амалисозии Стратегияи мазкур  дар соли 2018-ро баррасӣ намуданд.

Ноябрь 2, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид