Имрӯз-Рӯзи байналмилалии нобиноён. Ҳоло 70 нафар маъюбони нобино ва қувваи босираашон суст дар муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳо таҳсил доранд
ДУШАНБЕ, 13.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ашхоси нобино ва қувваи босираашон суст ҳамасола 13 ноябр дар аксар мамлакатҳои дунё Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад. Бояд зикр намуд, ки соли 1984 Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ин санаро ба ёдбуди эҳсонгар, муаллим ва навовари машҳури франсуз Валентин Гаюи- асосгузори аввалин мактаби маъюбону нобиноён дар ҷаҳон бахшида буд.
Ба иттилои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, имрӯз дар ҷаҳон беш аз 1,3 млрд. нафар бо ҳар гуна оризаҳо қувваи босираашон суст буда, аз ин шумора 36 млн. нафараш нобино мебошанд.
Дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии шахсони нобино ва қувваи босираашон суст пайваста корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Ҳамчунин баҳри дастгирии онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 «Қонуни ҳифзи иҷтимоии маъюбон», соли 2016 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбонро барои солҳои 2017-2020», соли 2018 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро доир ба ҳуқуқи маъюбон» ва «Шартномаи байналмилалии Марокаш»-ро соли 2018 оид ба баланд бардоштани вазъи иттилоотӣ ва маълумотнокии нобиноён ба тасвиб расонида, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакони нобино ва қувваи босираашон суст тамоми шароитро муҳайё менамояд.
Бояд зикр намуд, ки шурӯъ аз соли 2004 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нобиноён 15 октябр ҳамчун иди «Асои сафед» ҷашн гирифта мешавад. Ин идро Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон якҷоя бо аъзояш дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ҷашн мегирад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси идораи марказии Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон» (ИМНТ) Ҷонтемур Нормуродов иттилоъ дод, ҳадафи асосии Иттиҳодияи мазкур ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбони чашм, иштирок дар муайянсозӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба нобиноён, мусоидат ва татбиқи ваколатҳои давлатӣ дар офияти тиббӣ, касбӣ, иҷтимоӣ ва муттаҳидкунӣ, ҷалби онҳо ба меҳнат, маълумот, фарҳанг ва варзиш, беҳтар намудани шароити моддӣ-маишии онҳо мебошад.
Айни замон дар назди Иттиҳодия 11 филиал ва 8 намояндагӣ фаъолият доранд, ки зиёда аз 8 ҳазору 832 нафар маъюби нобино ва қувваи босираашон суст ва 2 ҳазору 899 нафар кӯдакони аз 7 то 16-соларо муттаҳид месозанд.
Бино ба иттилои Ҷ. Нормуродов, зиёда аз 110 нафар маъюби нобино дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд. Айни ҳол дар назди Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон 11 корхонаи таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Кӯлоб, Бохтар, Ваҳдат, Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Ҷ.Расулов фаъолият дошта, дар онҳо 441 нафар маъюбони нобино ва қувваи босираашон суст бо кор таъминанд.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 1 мактаб-интернат барои кӯдакони нобино ва сустбин дар ноҳияи Ҳисор вуҷуд дошт. Он ҳоло ҳам фаъолият дошта, дар он зиёда аз 200 нафар кӯдакон таҳсил менамоянд.
Бо дархости Иттиҳодияи нобиноён ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2004 шумораи мактаб-интернатҳои кӯдакони нобино ба 4 адад расид. Аз ҷумла, мактаб-интернат дар ш. Исфара, кӯдакистон-мактаби махсуси нобиноён дар ш.Хуҷанд, мактаби шабонарӯзии кӯдакони нобино ва сустбин дар ш.Душанбе таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо 485 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 2 мактаби шабона-ғоибона барои калонсолони нобино дар шаҳри Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат вуҷуд доранд, ки 120 нафар хонандаро дар бар мегиранд.
Ҳамчунин дар назди Иттиҳодияи миллии нобиноён чопи китобҳои дарсӣ, дастурҳои тиббӣ бо ҳуруфоти брайлӣ ба роҳ монда шуда, курсҳои бозомӯзӣ барои маъюбони нобино ва қувваи босираашон суст фаъолият доранд. Дар онҳо зиёда аз 70 нафар нобиноён ва сустбинон барои омӯзиши курсҳои компютерӣ, забонҳои хориҷӣ, маҳсгарӣ, хонадорӣ ва пазандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Зикр гардид, ки дар назди филиалҳои Иттиҳодия дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Душанбе бо дастгирии лоиҳаи ташкилоти байналмилалии Финландия «Абилис», дар шаҳри Исфара бо дастгирии ташкилоти «Оперейшн Мерси» низ курсҳои компютерӣ тариқи барномаи компютерии овозии «Jowz» ба роҳ монда шудаанд.
Бояд гуфт, ки ҳоло зиёда аз 70 нафар маъюбони нобино бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд. Иттиҳодияи миллии нобиноён онҳоро бо дафтарҳои махсус барои навишти хати брайлӣ таъмин менамояд. Ҳамзамон миёни онҳо мусобиқаҳо оид ба шашкаю шоҳмот гузаронида шуда, ғолибон бо мукофотҳо қадрдонӣ мегарданд.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид






