Конститутсия дар рушди давлати демократӣ ва таҳкими арзишҳои инсонӣ аҳамияти махсус дорад
ДУШАНБЕ, 05.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи таъмини рушди устувору бомароми аксари давлатҳои ҷаҳон дар шароити муосир- ин амалишавии кафолати конститутсионализм тавассути таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ба шумор меравад.
Конститусионализм имрӯз ҳамчун низоми ақидаҳои конститутсионие маънидод мегардад, ки дар сатҳи Конститутсияи давлат инъикос ёфта, зимни татбиқи ғояи волоияти Конститутсия, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ будан ва нақши махсус доштани он ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ифодаи худро пайдо мекунад ва ҳамчун фаҳмиши комплекси муҳимтарин принсипҳои сохтори конститутсиониро ифода мекунад.
Ин падида имрӯз аз ҷониби ҷомеа ҳамчун омили муҳими таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд, ташаккули низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мустаҳкам намудани падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маънидод шуда, заминаи асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.
Рушду инкишофи Конститутсияи муосир низ бо заминаҳои таърихии назарияи конститутсионализм ҳамчун унсури давлати демократӣ, ки дар он ба шаъну шарафи шахсият эҳтиром гузошта шуда, андешаи назариявии давлати ҳуқуқбунёд дар қатори дастовардҳои муҳими тамаддуни инсонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд ва неъматҳои инсонӣ қонуни сатҳи олии давлатиро ифода мекунанд, алоқаи ногусастанӣ дорад.
Конститутсияи давраи соҳибистиқлолии кишвар таҷрибаи таърихи давлатдории миллӣ, таҷрибаи конститутсионализми як зумра давлатҳои демократии рушдёфта, стандартҳои умумипазируфтаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва идоракунии ҷомеаро ба инобат гирифта, омили муҳими таъмини суботи ҷомеаи демократӣ ва рушди низоми ҳуқуқи ватанӣ гардидааст.
Конститутсияи кишвар барои бунёди давлатдории навин аҳамияти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад ва он Тоҷикистонро давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ эълон дошта, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва муҳайё намудани фазои мусоид барои рушди озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Дар сатҳи Конститутсияи Тоҷикистон тамоми хусусиятҳои ҷаҳонии давлат, яъне мустақилияти давлат бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ дар ҳалли масъалаҳои дохили давлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, асъори миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам гардида, барои муносибати мутақобилаи давлат ва мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва ниҳодҳои он заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Ғоя ва арзиши асосии Конститутсияи Тоҷикистон – ин баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инчунин арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ифода буда, дар зарурати таъмини ҳамфикрӣ ва созиши қувваҳои мухталифи ҷамъиятиву сиёсии ҷомеа дар шароити муосир ва ояндаи таърихӣ зоҳир меёбад, ки ин шаҳодати омили муҳими суботи сиёсӣ, кафолати ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии милливу иҷтимои будани Конститутсия мебошад.
Ин ғоя муқаррароти конститутсиониро инъикос намуда, асоси самтҳои рушди давлатро тавассути такмили низоми сиёсӣ, такмили низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, баамалбарории ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, инчунин зарурати бартарафсозии мухолифат ва холигии қонунҳоро муайян мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳия ва қабули Конститутсияи кишвар саҳми бузург доранд, нақши ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқиро дар рушду таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд муҳиму назаррас маънидод намуда, дар паёми табрикии хеш ба муносибати 23- солагии Конститутсия 6 ноябри соли 2017 зикр намуданд, ки «баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститусионӣ заминаи мустақим фароҳам овард».
Қабул ва татбиқи минбаъдаи меъёрҳои Конститутсия диди мардум ва муносибати онро ба нақши Конститутсия дар ҳаёти ҳар як шахс, тамоми ҷомеа ва мувофиқан дар самти танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дарки аслии моҳияти конститутсионализм куллан дигаргун сохт.
Конститутсия агар маҷмӯи ғояву ақидаҳои беҳтарини дар ҳуҷҷат ифода ёфта бошад, конститутсионализм – ин волоияту амалишавии воқеии Конститутсия, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини ҳифзи онҳо тавассути меъёрҳои конститутсия ва низоми ҳуқуқӣ, мавҷудияти таҷзияи ҳокимият, инчунин низоме мебошад, ки ҳудуди таъсиррасонии давлат ва мақомоти онро ба муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян мекунад.
Эътироф гардидааст, ки ягон давлат наметавонад бе рушди бомароми конститутсионӣ ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ноил гардида, ҳадафҳои гузоштаи давлати демократиро амалӣ созад. Яъне новобаста аз чӣ гуна будани мазмуни Конститутсия, он наметовонад якбора ва ба таври доимӣ қоидаҳои сохтори конститутсиониро муайян кунад.
Аз ин рӯ, танҳо тавассути такмили Конститутсия таъмини рушди конститутсионӣ таъмин карда шуда, дар ҷомеа бо такя ба арзишҳои пазируфтаи демократӣ дигаргуниҳои куллӣ рӯи кор меоянд.
Ҳанӯз дусад сол қабл, яъне дар даврае, ки нахустин заминаҳои демократияи муосир гузошта мешуданд, Томас Ҷефферсон зир намуда буд, ки «қонунҳо ва падидаҳои инсонӣ бояд ҳамрадифи инкишофи ақлу хиради инсонӣ бошанд».
Рушди конститутсионӣ ҳамчун раванди муттассил ва давомдор дар таҷрибаи байналмилалӣ дар радифи ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои асосии зерин сурат мегирад:
— қабули конститутсияҳои нав;
— ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда;
— пай дар пай ва муттассил ба меъёрҳои Конститутсия мувофиқ гардонидани санадҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ;
— қабули қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо;
— тафсири расмии Конститутсия;
— ҳалли баҳс байни мақомоти давлатӣ оид ба салоҳияти конститутсионӣ.
Яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди конститутсионӣ дар давлат- ин дар радифи қабули Конститутсия, инчунин такмили он тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин ҳуҷҷати муҳим маҳсуб меёбад. Дар бештари давлатҳои демократӣ чунин таҷриба ҷой дорад. Масалан, дар як давраи муайян дар давлатҳои демократияи нав ва дорои иқтисодиёти рӯ ба инкишоф 156 тағйироти конститутсионӣ ба амал бароварда шуда, дар баробари ин 37 конститутсияи нав қабул гардида, 3 конститусияи кӯҳна барқарор карда шудааст ва 116 маротиба тағйиру илова ба конститусияҳо ворид карда шудаанд.
Аз соли 1991 то соли 2014 танҳо дар Қирғизистон 4 маротиба, Сербия 3 маротиба, Албания, Қазоқистон, Полша ва Туркманистон 2 маротиба конститутсияҳои нав қабул шудаанд. Дар баъзе давлатҳои дигар тағйироти конститутсионӣ аз 5 маротиба зиёд сурат гирифтааст. Масалан, дар муддати солҳои 1991-2014 ба конститутсияҳои Гурҷистон 14 маротиба, Венгрия 9 маротиба, Латвия 9 маротиба, Молдова 8 маротиба, Федератсияи Россия 5 маротиба, Туркманистон ва Ӯзбекистон 4 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Ин шаҳодати зуд-зуд ба миён омадани дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҳаёти ҷомеа ва ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад ва ин дигаргуниҳо дар фазои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ инъикоси бевоситаи худро пайдо намуда, фарогирандаи тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Ҳамзамон бояд дар хотир дошт, ки амалан дилхоҳ дигаргунӣ дар конститутсия боиси тағйироти дахлдор дар қонун ва санадҳои зерқонунӣ мегардад. Аз ин рӯ, танҳо пас аз такмили чунин санадҳо ва татбиқи амалии онҳо дигаргуниҳои суратгирифта метавонанд ба муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии мавҷуда таъсир расонанд.
Дигаргуниҳои конститутсионӣ одатан барои ислоҳоти куллӣ дар низоми ҳокимияти иҷроия тавассути муҳайё намудани шароити мусоид ба таъмини иштироки фаъоли халқ дар ташаккули ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани нақш ва масъулияти ҳукумат дар таъмини рушди босуботи кишвар, муайян намудани ҷанбаҳои аввалиндараҷаи рушд ва татбиқи сиёсати мақсаднок ва сифатан баланд бардоштани муносибатҳои иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Ислоҳоти конститутсионӣ ҳамчунин нақши ҳокимияти қонунгузор ва судиро дар иртибот ба принсипи таҷзияи ҳокимият ба зинаи сифатан нави рушди идораи давлат мебардорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар зарурати таърихӣ ташаккули падидаҳои нави демократӣ ва рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ се маротиба ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, меъёрҳои Конститутсияи кишвар бо назардошти фикру андешаи мардум такмил дода шуданд.
Мақсади асосии такмили Конститутсия- ин таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ барои рушди бомароми кишвар, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими падидаҳои демократӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Ҳар як ислоҳоти конститутсионии гузаронидашуда сабаби дигаргунии ҷиддӣ дар ҳаёти ҳуқуқию иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардида, барои рушди бомароми давлат мусоидат кард.
Дар ҳамин радиф ислоҳоти конститутсионие, ки соли 2016 дар фазои озоду демократӣ ва бо иштироку ҷонибдории аксари аҳолии кишвар доир гардид, на танҳо шаҳодати маърифати волои ҳуқуқӣ, инчунин шаҳодати якдиливу ҳаммаромии мардум дар самти таъмини рушди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҷомеаи адолатпарвар ва дастгириву пуштибонии сиёсати созандаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат мебошад.
То эълон ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшавандаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо қарори худ аз 4 феврали соли 2016 лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия мувофиқ донист.
Суди конститутсионӣ тағйиру иловаҳоро ба марҳалаи имрӯзаи рушди давлату ҷомеа мувофиқ дониста, аз ҷумла дар қарори худ қайд намуд, ки тағйиру иловаҳо ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд, тақвият бахшида, дар маҷмӯъ ба таҳкими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин Суди конститутсионӣ дар қарори худ ишора намуд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия пешниҳодшуда инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсия равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба конститутсия ва ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд.
Умуман имрӯз дар Тоҷикистон меъёрҳои Конститутсия ба таври устувор вориди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ гардида, назарияи конститутсионализм инкишоф ёфтааст ва исботи ин омил тарзи демократии таҳия, қабул ва такмили Конститутсия, мавҷудияти назорати конститутсионӣ, устувории меъёрҳои конститутсионӣ ва эътирофи арзишҳои волои инсонӣ ба шумор меравад.
Тағйироти конститутсионӣ ва натиҷаҳои муфиди аз он ба дастомада далели онанд, ки имрӯз раванди рушди конститутсионии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои ҷаҳон ба қонуниятҳои ҷаҳонӣ такя мекунад, ба мисли демократӣ ва башардӯстонакунонии меъёрҳои Конститутсия; мустаҳкамгардонии асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа; такмили механизми мувофиқакунонии манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа.
Муҳиму эътирофшуда будани ин асосҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо аз ҷониби аксари давлатҳо новобаста ба сатҳи рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пазируфта шудаанд.
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ