Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ
ДУШАНБЕ, 05.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Ин нукта зимни Конференсияи илмӣ-назариявӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зикр карда шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Конференсияи мазкур имрӯз, 5 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки мақсади баргузории конференсияи мазкур-пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт мебошад.
«Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд»,-иброз дошт Мавсума Муинӣ.
Иштирокчиёни Конференсия зикр намуданд, ки Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад. Ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Инчунин дар ҷараёни Конференсия иштирочиён дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла, «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Бахтнома» – и миллат аст», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарчашмаи асосии ҳуқуқии пойдории давлати дунявӣ дар кишвар», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷиктистон ва рушди падидаҳои назорати прокурорӣ ва адолати судӣ», «Хусусиятҳо ва аҳамияти юридикии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






