Конститутсияи Тоҷикистон давлату миллатро муттаҳид ва роҳро ба сӯи ободкорию созандагӣ боз кард
ХОРУҒ, 01.11.2018 /АМИТ АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозиҳои маърифатию варзишӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ширкат варзиданд.
Сардори мактаби мазкур Носир Мамадназарбеков гуфт, ки «аслан вазифаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар рӯҳияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон ва ба хизмати Ватан-Модар омода кардани онҳо мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки барои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҷавонони солиму бардам ва дар айни замон соҳиби дониши хубу иродаи қавӣ омода намоем. Бинобар ин дар баробари баргузор кардани чорабиниҳои варзишӣ, ҳамчунин вобаста ба таърихи тоҷикон, арзишҳои миллию фарҳангии халқи тоҷик бозиҳои зеҳнӣ, суҳбатҳои «мизи гирд» бо ширкати устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев баргузор мекунем».
Омӯзгори Мактаби муттаҳидаи техникӣ Нағзибек Ақдодова аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки хонандагон оид ба таърихи қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ва бандҳои асосии он маълумоти комил доранд. «Насли наврас бояд донад, ки Конститутсияи мо дар давраи хеле мушкилу мураккаб, дар даврае, ки даргириҳои дохил идома доштанд, қабул шуда буд. Ҳарчанд иддае аз сиёсатмадорон дар он давраи душвор ба баргузории раъйпурсӣ боварӣ надоштанд, аммо бо саъю талош ва даъвати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик сари қуттиҳои овоздиҳӣ омада, якдилона ба тарафдории қабули Конститусияи ҷумҳурӣ раъй доданд.
Ба таъхир гузоштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҳамон замон шояд минбаъд барои халқи мо пайомадҳои нохуш ба бор меовард. Аз ин рӯ мо имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин амали хирадмандонаи Пешвои миллат истиқлояти давлати моро боз ҳам устувортар сохт».-иброз намуд Н. Ақдодова.
Баъди бозии зеҳнӣ дар майдончаи варзишии мактаби мазкур байни наврасон бозиҳои волейбол, дорбозӣ, давидан ба масофаи 60 метр ва дастхобонӣ баргузор гардиданд.
Дар ҷамъбасти бозиҳо ғолибон бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






