КОР ШУМОРО МЕҶӮЯД! Пагоҳ дар Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир мегардад

Ноябрь 29, 2018 17:40

ДУШАНБЕ, 29.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 ноябри соли 2018, дар гулгашти ба номи Кӯйбишев, воқеъ дар назди бинои Маркази савдои «Садбарг»-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод  баргузор мегардад.

Ярмарка аз соати 9-00 то 11-00 дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ҷиҳати мусоидат ба шуғли шаҳрвандони корҷӯ, бахусус ҷавонон доир карда мешавад.

Дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби корфармоён 2300 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод  мегарданд, ки  832 адади онҳо ба ихтисосҳои занон мансуб буда, музди миёнаи меҳнат 1022,1 сомониро ташкил медиҳад.

Ноябрь 29, 2018 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад