Маҷаллаи «Сарзамин» озмуни «Акси беҳтарин»-ро эълон менамояд

Ноябрь 3, 2018 10:28

ДУШАНБЕ, 03.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи «Сарзамин»-нашрияи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири саҳм гузоштан дар муаррифии мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ва таблиғи зебоиҳои Ватан бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни «Акси беҳтарин» эълон мекунад.

Дар озмун аксбардорони касбию ҳавасмандон метавонанд бо пешниҳоди беҳтарин манзараҳои сайёҳии диёр иштирок намоянд.

Озмун 21 декабри соли 2018 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои молиявии зерин қадрдонӣ карда мешаванд:

  • Барои ҷои якум 5 ҳазор сомонӣ
  • Барои ҷои дуюм 3 ҳазор сомонӣ
  • Барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ.

То давраи ҷамъбасти озмун хоҳишмандон метавонанд аксҳоро ба суроғаи электронии маҷалла- sarzamin2015@mail.ru ирсол намоянд.

Ноябрь 3, 2018 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад