Марҳамат ба ҷашнгоҳҳо! Ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар Душанбе бо мушакпарронии идона пешвоз мегиранд
ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 17 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе намоиши театришуда бахшида ба маросими ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун» баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин барномаи театришуда устодони санъати тоҷик бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ ба фазои идонаи Тоҷикистон шукӯҳи тоза мебахшанд.
Ҳамчунин 17 ноябр дар тамоми боғҳо ва дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти оммавӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, чунин барномаҳои идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ, майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур ва майдони назди Прокуратураи генералӣ дар ноҳияи Сино баргузор мегарданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ин ҷашнгоҳҳо даъват менамояд.








31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






