МАРҲАМАТ БА «ОШИ ПАЛАВ»! Дар Душанбе беҳтарин ошпазҳои мамлакат маҳорати таббохии худро намоиш медиҳанд

Ноябрь 9, 2018 08:38

ДУШАНБЕ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 10 ноябри соли 2018,  соати 10.00 дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав»   баргузор  мегардад. Дар фестивал беҳтарин ошпазҳо аз гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада,  маҳорати таббохии худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт  менамоянд. Ҳамчунин дар доираи баргузории фестивали мазкур  намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   дар ин робита  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали «Оши палав»  дар пойтахт тасдиқ  гардидааст. Мақсад аз баргузории Фестивал   муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  сокинон ва меҳмонони пойтахтро  ба ин ҷашнгоҳ даъват менамояд. Ёдовар мешавем, ки   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 пешниҳод намуд, ки Оши палав  ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ  дар номинатсияи «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» сабт гардад.

Хурсандибахш аст, ки ду намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: «Оши палав» ва «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО, ки 28 ноябр ва 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт шуданд.

Тибқи иттилои коршиносони тоҷик,  дар сарчашмаҳои таърихӣ беш аз 50 навъи палав оварда шудааст ва  палави тоҷикӣ аз палавҳои эронӣ, туркӣ ва ҳиндӣ фарқ мекунад.  Ҳоло ошпазони касбии тоҷик 130 навъи палавро пухта метавонанд.

Бояд гуфт, ки баргузории  Фестивали  «Оши палав» дар  густариши фарҳанги миллӣ, аз ҷумла фарҳанги оши палав   мусоидат мекунад.

Ноябрь 9, 2018 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд