Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер

Ноябрь 16, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарки муҳимияти бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таҳқиқоти шаффоф ва ҳамкории судманд изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории судманд, дастгирии молиявӣ дар самти ноилшавӣ ба рушди устувор, самтҳои мухталифи рушд, амалигардонии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро муҳокима карда, натиҷаҳои онро барои ҳар ду ҷониб баланд арзёбӣ намуданд.

Айни ҳол бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, энергетика, нақлиёт, экология ва дигар соҳаҳо мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер 16.11.2018

Ноябрь 16, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд