Муроҷиати Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ба ронандагони воситаҳои нақлиёт: ҷаримаҳоро пардохт намоед!

Ноябрь 29, 2018 09:22

ДУШАНБЕ, 29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти давлатӣ ва шахсӣ мерасонад, ки ҷаримаҳои таъйиншударо дар муҳлати муайянгардида пардохт намоянд.

Тавре аз раёсати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз таҳлили коршиносони БДА бармеояд, ки аз оғози фаъолияти Маркази худидоракунии нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт сатҳи садаманокӣ ва вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, вайрон кардани қоида аз ҷониби онҳо тариқи камераҳои назоратӣ сабт мегардад ва ба суроғаи маҳалли зисти онҳо оид ба пардохт намудани ҷаримаҳои таъйиншуда амрнома ирсол карда мешавад.  «Мутаассифона, баъзе аз ронандагон хунукназарӣ зоҳир намуда, ҷаримаҳои таъйиншударо сари вақт пардохт наменамоянд»,- хабар доданд аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯйхати баъзе соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бештар вайрон намудаанд ва тавассути воситаҳои махсуси низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт- «Шаҳри бехатар» сабт гардида, ҷаримаҳоро пардохт накардаанд, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намуд,  ки онро манзури хонандагони сомона мегардонем.

 

т/р

 

Тамғаи воситаи нақлиёт Аломати қайди давлатӣ Шумораи вайронку-ниҳои ҚҲР Соҳиби воситаи нақлиёт
1. «Опел- Астра» 6815 АР01 169 Мавзудов Нематулло,

ш.Душанбе, к.А.Ниёзӣ

2. «Опел-Астра» 1502ВН01 19 Халимов Наврӯз Фахридинович, ш.Душанбе, к.Фирдавсӣ
3. «Хуандай- Соната» 4251 ТТ 05 18 ҶДММ «Талко-Персия» ш.Душанбе к.Карамов
4. «Ниссан – Кашкай» 2318 ВК01 21 Ҷумаев Давлаталӣ ш.Душанбе, н.Рӯдакӣ
5. «Тойота Камри» 5346ТТ05 35 ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе к.Карамов
6. «ЧАК-3» 4863 ТТ 05 19 ҶСП Холдинги Осиё Гурӯҳи Тоҷикистон, ш.Душанбе к.Бухоро 43
7. «Хундай-Аксент» 6146ТТ05 10 ҶДММ «Олуча-авто»

ш.Душанбе к.А.Қаҳҳоров 111

8. «Хундай- Аксент» 6181ТТ05 10 ҶДММ “Олуча-авто»

ш.Душанбе к.Қаҳҳоров

9. «Кия-Оптима» 9871ТТ01 47 ҶДММ Эйшн Экспресс

ш.Душанбе к.Карамов

10. «Тойота –Камри» 5922ТТ05 10 ҶДММ «Талко- Персия» ш.Душанбе к.Карамов
11. «Кия- Оптима» 9854ТТ01 13 ҶДММ Эйшн экспресс транспорт ш.Душанбе, к.Карамов
12. «Тойота-Королла» 6808ТТ05 14 ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе, к.Карамов
13. «Мерседес –бенс» 0003ВН07 12 Халимов Эмомалӣ ш.Душанбе, к. С. Шерозӣ
14. «Опел- Астра» 2490ЕЕ01 18 Ёров Хуршед, ш.Душанбе, к.Қаробоев
15. «Тойота –Платз» 5015ТТ05 14 ҶДММ Сорбон 14

ш.Душанбе к.Абдуллобеков

16. «Хундай –Соната» 4935ТТ05 11 ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе, к.Карамов
17. «Мерседес –Бенс» 2836ВН01 23 Шоҳмаҳмадов Оятулло ш.Душанбе, к.Тунис
18. «Хундай –Старекс» 5474ТТ01 10 ҶСК Нақлиёт ш.Душанбе, к.Ҷ.Расулов
19. «Мерседес –Бенс» 7229АА01 29 ҶДММ Сорбон 14 ш.Душанбе, к.Абдуллобеков
20. «Дэу-Сиелло» 8951ЕМ01 16 Воҳидов Қутбиддин ш.Душанбе, к.Саҳбо
21. «Мерседес –Бенс» 7929АА01 29 Алиев Хайриддин, н. Рӯдакӣ
22. «Мерседес –Бенс» 6828ДД01 10 Мансур Аҳтамҷон ш.Душанбе, к.Чернишевски
23. «Опел- Астра» 2886АК01 22 Рахматов Раҳмоналӣ ш.Душанбе, к.Борбад
24. «Час – 3» 4850ТТ05 13 Холдинги Осиё ш.Душанбе, к.Бухоро
25. «Саманд» 7010ТТ01 40 ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе, к.Карамов
26. «Тойота-Королла» 7062ТТ05 12 ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе, к.Карамов
27. «Тойота –Королла» 6482ТТ05 10 ҶДММ «Талко Персия» ш. Душанбе к.Карамов
28. «Хундай -Соната» 5755ТТ05 14 ҶДММ «Талко Персия» ш.Душанбе, к.Карамов
29. «Тойота –Камри» 019ХВ01 76 КВД пойгоҳи вагонҳои боркаш -1 ш.Душанбе к.Нестерев

 

 

Ноябрь 29, 2018 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд