Ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер: «Ҳамгироии НБО-и «Роғун» ба ислоҳоти васеъ метавонад ба рушди Тоҷикистон такони назаррас диҳад»

Ноябрь 17, 2018 10:34

ДУШАНБЕ, 17.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер дирӯз, 16 ноябр,  дар маросими ифтитоҳи аввалин чархаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» – марҳилаи муҳими таърихӣ барои бахши энергетикаи Тоҷикистон,иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин бора хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз ҷои воқеа иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Мюллер, дар сурати ҳамгироии НБО «Роғун» ба барномаи нисбатан васеи ислоҳоти иқтисодӣ ва модели боэътимоди макрофискалӣ, он метавонад сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистонро боз ҳам боло барад. «Роғун метавонад манбаи нерӯи барқи ниҳоят зарурии арзон, барқароршаванда ва боэътимод барои мардуми Тоҷикистон гардад. Инчунин он метавонанд сарчашмаи аввалиндараҷаи содироти нерӯи барқ шуда, барои дигар сармоягузориҳои калидӣ дар сармояи инсон ҷиҳати мусоидат ба таҳаввули иқтисоди Тоҷикистон ва фароҳам овардани замина барои ояндаи шукуфон  сарчашмаи муҳимми даромад бошад», — зикр намуд  ноиби Президент Бонки умумиҷаҳонӣ.

Мавриди зикр аст, ки Бонки умумиҷаҳонӣ гузаронидани тадқиқоти баҳодиҳии НБО-и «Роғун»-ро  соли 2014 маблағгузорӣ намуд. Тибқи хулосаҳои ин тадқиқот, НБО-и «Роғун» метавонад Тоҷикистонро дар масири рушди фарогир ва устувор қарор диҳад. Инчунин, нерӯгоҳ метавонад ҳамчун асос барои бозори минтақавии нерӯи барқ, ки Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқиро фаро мегирад, хизмат намояд ва ба ҳамкории байни кишварҳои ҳамсоя дар ҳалли масъалаҳои муҳимми минтақавӣ, аз қабили идоракунии захираҳои об дар тамоми ҳавзаи Амударё мусоидат кунад.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки НБО-и Роғун дорои имконияти баланд бардоштани бехатарии тамоми силсилаи нерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш қарордошта мебошад ва бо бартараф намудани мушкилии таҳшинҳо муҳлати истифодабарии НБО-и Норакро тақрибан ба сад сол зиёд мекунад.

«Бо дарназардошти таърихи дуру дарози қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон, бахусус дар давоми моҳҳои сарди зимистон, бахши энергетикаи Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ боқӣ мемонад», — изҳор намуд ҷаноби Сирил Мюллер. Айни замон сармоягузориҳо дар бахши мазкур 415 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Маблағи мазкур ба дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар самти  барқарорсозии НБО-и Норак,  беҳтар намудани имконияти содироти нерӯи барқи зиёдатӣ тавассути шабакаи интиқоли барқи CASA-1000 ба бозорҳои ҳамсоя дар Осиёи Ҷанубӣ ва  амалисозии ислоҳоти нисбатан васеъ  равона шудааст.

Имсол Тоҷикистон ва Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ 25-солагии ҳамкории муштаракро таҷлил мекунанд. Тавре ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ зимни суханронии худ хабар дод, дар ин муддат Бонки умумиҷаҳонӣ маблағи бештар аз 1,4 миллиард доллари ИМА-ро дар шакли грантҳои АБР, қарзҳои имтиёзнок ва маблағҳои фондҳои мақсаднок ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ ҷонибдори идомадиҳии дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.

 

 

Ноябрь 17, 2018 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд