Нутқи зебо калиди муваффақият аст. Имрӯз-Рӯзи байналмилалии логопед
ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии логопед ҷашн гирифта мешавад. Логопед мутахассисест, ки ба кӯдакон ва калонсолони дорои мушкилӣ дар нутқ кумак мерасонад. Ин мутахассисон дар муассисаҳои тиббӣ, мактабу боғчаҳо фаъолият намуда, ба он нафароне, ки дар талаффузи нутқ мушкилӣ мекашанд, кумаки худро мерасонанд.
Дар робита ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо табиби логопеди барқароркунии шунавоии овоз ва нутқи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Шоева дар мавриди мушкилоти ин соҳа ҳамсуҳбат гардид.
«Беш аз 18 сол мешавад, ки дар ин соҳа фаъолият дорам ва дар ин муддат ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон вобаста ба душвориҳои гуногун дар нутқашон ба мо муроҷиат мекунанд»,- зикр намуд Д. Шоева.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, вақтҳои охир ин мушкилӣ бештар дар кӯдакон дида мешавад. Яке аз сабабҳои ба ин ҳолат дучор шудани онҳо- ин никоҳи хешу таборӣ буда, ҳамчунин осебхӯрӣ дар вақти таваллуд, модарзодӣ, таъсири муҳити зист, вайроншавии системаи майнаи сар пас аз хӯрдани зарбаҳои гуногун, ки боиси дар нутқ пайдо шудни нуқсҳо мегардад, аз ҷумлаи омилҳои асосии он шуда метавонанд.
Ба гуфтаи мутахассис, сабаби дигари нопурра талаффуз кардани калимаҳо аз тарафи кӯдакон он аст, ки падару модар дар вақти хурдсолӣ бо онҳо бо лафзи кӯдакӣ суҳбат мекунанд.
«Аз ин рӯ мо, мутахассисон ба падару модарон муроҷиат карда хоҳиш менамоем, ки ҳангоми муошират бо фарзанди худ дуруст, бурро ва мисли калонсолон ҳарф зананд», — илова намуд табиб.
Инчунин ҳамсуҳбати мо аз нарасидани табибони ин соҳа изҳори нигаронӣ намуд. «Бинобар нарасидани мутахассисони ин соҳа дар ноҳияҳо шаҳрвандон аз сабаби дур будани роҳ ва надоштани имконият ба мо дер муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ табобат намудани ин гуна кӯдакон каме мушкилтар мешавад. Ҳангоме ки кӯдак гапи гуфтаро мефаҳмаду иҷро мекунад, аммо гап зада наметавонад, ё дар 3-4- солагияш ҳамагӣ 10-15 калима гуфта метавонад, дар ин вақт падару модарро мебояд сари вақт ба асабшинос ва логопед муроҷиат кунанд, то ин мушкилӣ дар нутқ сари вақт табобат бартараф шавад».
Бояд зикр намуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистон баҳри омода намудани мутахассисони ин соҳа дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дарсҳои махсус ба роҳ монда шудаанд ва тавассути онҳо донандагони ин соҳа омода карда мешаванд.
Тавре декани факултети психология ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Мунира Обидова зикр намуд, барои омода намудани мутахасисони соҳаи логопедӣ дар назди факултети мазкур ихтисоси логопедия ва таҳсилоти ибтидоӣ таъсис дода шудааст. Ин ихтисос ду сол пеш бо фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабаби кам будани таваҷҷуҳ ба логопедия бо ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ якҷоя карда шуд.
Ба иттилои М.Обидова, айни ҳол дар ин ихтисос 48 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Онҳо пас аз хатми донишгоҳ дар марказҳои офиятбахшӣ, мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ кор мекунанд.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид






