Оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав дар шаҳри Душанбе

Ноябрь 9, 2018 13:05

ДУШАНБЕ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватандӯст бунёд карда мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои 7 мактаби нав муаррифӣ карда шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2560 нафар дар ду баст дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино, мактаб бо 2560 ҷой дар ҳудуди тараққиёти шаҳри Душанбе, мактаб бо 2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 — уми ноҳияи Фирдавсӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 бо 2400 ҷой дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешавад.

Имрӯз дар маҷмуъ аз ҷониби Пешвои миллат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаб бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд.

Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди боз панҷ мактаби муосири дигар идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 22 мактаби наву замонавӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешавад, ки ин талаботи ноҳияҳои пойтахтро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, ки имрӯз лоиҳаи бунёди он ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд, дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2017 аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати қариб 1 гектар сохта мешавад. Мактаб аз чор иншооти се ва чорошёна иборат буда, барои 2200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди иншоот, майдонча барои машқҳои варзишӣ, нуқтаи назоратӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, дар ошёнаҳои он бошад, ошхона бо ҳуҷраҳои ёрирасон барои 215 хонанда, толори варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, синфҳо барои таълими меҳнати духтарон ва писарон, синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ, маҳорати ҳарбӣ, компютерӣ, рассомӣ, мусиқӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё ва биология, сохта мешавад. Дар бинои мактаб китобхона бо толори хониш, анбори китоб ва толори маҷлис бо 350 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои сохтмони 7 мактаби наву замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои иҷрои корҳои босифати   сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар пойтахт аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини хонандагон бо шароити муосири илмомӯзӣ ва беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи насли навраси кишвар мусоидат мекунад.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав дар шаҳри Душанбе 09.11.2018

Ноябрь 9, 2018 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд