ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва барф дар назар аст

Ноябрь 12, 2018 08:25

ДУШАНБЕ, 12.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда,    боридани борон ва  барф     дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона  +4+9  ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14   ва рӯзона -1+4 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок    шуда,      боридани борон ва барф   дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8  ва рӯзона  10+15   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ    боридани борон  ва барфи тар  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона +13+18   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  борон ва барф   дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 1+6  ва рӯзона  ба  12+17  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво  шабона +3+5  ва рӯзона +14+16  дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 12, 2018 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад