ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландии 2500 м барф дар назар аст

Ноябрь 13, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 13.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда,    боридани борон ва  барф     дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, шабона боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона  +5+10  ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15   ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок    шуда,    дар ноҳияҳои кӯҳӣ   боридани борон ва барф   дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона  3+8   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ    боридани борони кӯтоҳмуддат  ва фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +10+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  борон меборад. Дар баландии 2500 м барф борида, туман мефарояд.  Ҳарорат шабона ба 3+8  ва рӯзона  ба  9+14  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво  шабона +3+5  ва рӯзона +11+13  дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 13, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад