ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Ноябрь 28, 2018 08:18

ДУШАНБЕ, 28.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, бориши борону барф дар назар аст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз  4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона  6+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2200 метр   боридани барф пешгӯӣ мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона +1+6   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо  боридани борон ва дар баландкӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +1+6  ва рӯзона  ба +7+12  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе туман мефарояд. Ҳаво шабона +2+4  ва рӯзона +9+11  дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 28, 2018 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад