Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо-«Чароғи ҳидоят» муайян гардиданд

Ноябрь 26, 2018 10:05

ДУШАНБЕ, 26.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори ҷашни Парчами давлатии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо- «Чароғи ҳидоят» ҷамъбаст гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ хабар медиҳад,  озмуни мазкур дар ду давр баргузор гардида, даври аввали он дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз 1 август то 14 октябр баргузор гардид. Даври дуюми озмун аз 15 октябр то 20 ноябри соли равон гузаронида шуд.

Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо-«Чароғи ҳидоят» бо иштироки фаъолон, ғолибон, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Аз ҷумла, тибқи баҳогузории ҳакамон ҷойи аввалро Муассисаи давлатии «Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ»-и  вилояти Суғд, ҷойи дуюмро Муассисаи давлатии «Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Шамсиддини Шоҳин»-и вилояти Хатлон, ду ҷои ҷойи сеюмро Китобхонаи бачагонаи вилоятии ВМКБ ва Китобхонаи бачагонаи вилоятии Суғд соҳиб гардиданд.

Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қурбон Ғуломзода зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки мақсади асосии озмуни мазкур дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои вилоятии оммавию бачагона, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, филиалҳояшон дар деҳот, вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, тарзи нигоҳдорӣ ва коркарди саривақтии ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи корӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ ва афзун сохтани таҷҳизоту имкониятҳои моддиву техникӣ ба шумор меравад.

Ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ, туҳфа ва Дипломи дараҷаи якум, дуюм, сеюм, ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.

Ноябрь 26, 2018 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид