Пагоҳ дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 23.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан ттилоъ додем, ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 ноябр зери роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Давлати Қатар сафар намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳо пагоҳ, 24 ноябр дар шаҳри Давҳа бо роҳандозии барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.
Инчунин баргузории чунин барномаҳои ҳунарӣ рӯзҳои 25 ва 26 ноябр дар Маҷмааи «Қатар Молл» низ пешбинӣ шудааст.
Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ҳунармандон Давлатманди Хол, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии «Парасту» шомиланд.
Мавриди зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал гузаронида шуда, то 28 ноябри соли 2018 идома меёбанд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






