ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид

Ноябрь 22, 2018 08:38

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар»  иброз доштанд, ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт роҳандозӣ гардида,  тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр,   масъулини  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  барои таъмини иҷрои саривақтии нақшаи мазкур вазифадор гардидаанд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчам дар пойтахт  баргузории конференсияҳои илмӣ –амалӣ, маҳфилҳои маърифатӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ таҷлил мегардад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  баъди  соҳибистиқлолии  Тоҷикистон тасдиқ гардид, аз се ранг — сабз,  сафед ва сурх иборат  буда, ранги сабз —  сарсабзӣ, сафед роҳи сафед,  хушбахтӣ, иқболи наку  ва ранги сурх озодӣ ва мустақилиятро ифода мекунанд. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва  Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои  давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид  шаҳодат медиҳад.

Хотиррасон менамоем, ки соли 2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе  баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии  сутунаш  165 метрро ташкил медиҳад, барафрохта шуда, он ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид. Дар маросими ботантана ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи китоби «Рекордҳои Гиннес» Дэвид Чемберс гувоҳнома супорид. Дар расми барафрохтани баландтарин парчам дар ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, Парчами давлатиро «ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии  тоҷикон» унвон намуда буданд.

Бояд тазаккур  дод, ки  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои зебои Душанбе  доман густурдааст. Имрӯз ин мавзеъ — «Боғи Парчами миллӣ»   на танҳо ба  сайргоҳ ва ҷои тафреҳи сокинону меҳмонони  мамлакат,  балки ба макони ифтихор аз  имрӯзу фардои дурахшони  Ватани мо- Тоҷикистон  табдил гардидааст.

Ноябрь 22, 2018 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид